07:26 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Абдулқодирзода санаи Иди Қурбон, соати намози ид ва мавзӯи мавъизаро эълон кард

© Sputnik / Амир Исаев, STR
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
2711 0 0

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон расман рӯзи Иди Қурбон, соати намози ид ва мавзӯи мавъизаи имомхатибонро дар ин рӯз эълон кард

ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Тибқи иттилои Шӯрои уламо, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси ин ниҳод зимни ҷаласа изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи иди саиди Қурбон дар кишвар ба рӯзи 11-уми август рост меояд.

Аъзои Шӯро, таҳти раёсати Абдулқодирзода қарор кардаанд, ки иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи рӯзи 11-уми август ва намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 06.30 баргузор карда шавад.

Дар анҷоми маҷлис раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз имомхатибон талаб кардаст, ки “дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд”.

Шӯрои уламо дар иттилоияаш таъкид кардааст, ки ҷаласаи ин ниҳод бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

Мавзӯъҳои асосӣ