11:18 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Духтарон бо либоси миллии тоҷикӣ, акс аз бойгонӣ

Эълон дар бораи оғози озмуни ҷумҳуриявии “Зебосанам – 2019”

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
96 0 0

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии зебоӣ ва ҳунар баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Марҳилаи аввали озмуни ҷумҳуриявӣ, таҳти унвони “Зебосанам -2019”, 6 август дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва даври дуюм ва ниҳоии он моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, хабар дод “Ховар”.

Манбаъ мақсад аз гузаронидани озмунро эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ дар байни ҷавондухтарон, бахусус интихоб ва пӯшидани либосҳои миллӣ, оро додани рӯю мӯй, тарзи дурусти истифодаи ҷавоҳирот аз ҷониби гулдухтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавондухтарон ва ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солиму баркамол мебошад.

“Озмун аз рӯи шартҳои муаррифии ҳусни зебоии табиӣ, эҷодкорӣ, санъаткорӣ, малакаи суханварӣ, маҳорати либоспӯшӣ ва саҳнабароӣ, қобилияти ҳаракатҳои мавзун, қобилияти фикрронӣ, фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ баргузор мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ аз нишондодҳои оморӣ зикр кардааст, ки бар асоси он қисмати зиёди ҷомеаи Тоҷикистонро насли ҷавон ва хусусан ҷавондухтарон ташкил медиҳанд. Маҳз ҳамин қишр асосан дар марҳилаи гузариш аз айёми ҷавонӣ ба солорӣ қарор дорад, аз ин рӯ ҳарчи бештар ташкил намудани барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва озмуну маҳфилҳо, бурдани корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотӣ миёни онҳо мувофиқи мақсад арзёбӣ шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ