Кумита қоидаи қабули ҳоҷиёнро шарҳ дод: аз зиёфат то теъдоди мошинҳо

© © Sputnik / Амир ИсаевПаломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе
Паломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давлати Тоҷикистон эълом кард ҳоҷиёни ин кишвар пас аз бозгашт аз маносики Ҳаҷ ҳаққи баргузории маросиму маъракаҳои пурдабдабаро надоранд

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашун маросими Тоҷикистон,  дар баёнияе эълом кард, ҳоҷиёни тоҷик ҳақ надоранд барои ғайр аз аъзои хонаводаи худ зиёфати бозгашт аз Ҳаҷ баргузор кунанд, хабар додааст Парс тудей.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон аз Қуръон мисол оварду гуфт, кӣ бояд қурбонӣ кунаду кӣ ҳаҷ равад

Ба иттилои манбаъ, баргузории бархе маросим, ба монанди "Ҳоҷӣ талабон" ва "Ҳоҷи ошӣ" мамнуъ эълом шудааст.

Ҳамчунин таъкид шудааст, ки дар корвони истиқбол аз ҳоҷиён набояд беш аз ду худрав истифода шавад.

Бозгашти ҳоҷиён ба Тоҷикистон нимаи дуюми моҳи август дар назар аст.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон, ахиран зимни нишасти матбуотӣ аз коҳиш ёфтани талабгорони Ҳаҷ хабар дода буд.

Ба гуфтаи вай, солҳои қаблӣ талабгорони сафари Ҳаҷ барои 5-6 сол навбат мепоиданд, аммо ду соли охир ҳатто саҳмияҳои пешниҳодшуда пур намешаванд.

"Дар соли гузашта зиёда аз 6000 квота ҷудо шуда буд, аммо мо 5000 нафар фиристодем, имсол бошад зиёда аз 7000 ҷой ҳаст, аммо бештар аз 5000 раводид гирифтанд", - таъкид намудаст Давлатзода.

Сабаби кам шудани хоҳишмандони  сафари ҳаҷро, роҳбари кумита  Сулаймон Давлатзода ба бӯҳрони иқтисодӣ рабт додааст.

Лентаи хабарҳо
0