Мансур ба Душанбе омад

© Bill SelakМикрофон, архивное фото
Микрофон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мансур Ҷаъфарӣ ба хотири иштирок дар ҷашнвораи тобистон феълан дар шаҳри Душанбе қарор дорад

ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Шоми дирӯз сарояндаи муваффақ ва саршиноси олам Мансур Ҷафарӣ озими Душанбе гардид.

Концерт в Наврузгозе в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнвораи сол бо қарори Эмомалӣ: аз даъвати овозхон Мансур то парвози кураҳо ва нарх

Дар ин бора худи сароянда дар  сафҳаи инстаграми худ низ хабар додааст.

Сароянда дар доираи дуввумин Фестивали тобистонаи Душанбе, ки қарор аст 17-18 август баргузор гардид, иштирок ва ҳунарнамоӣ кунад. 

Маврид ба зикр аст, ки ҷашнвораи тобистонаи Душанбе, бо қарори Рустам Эмомалӣ 17 – 18 август дар "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт баргузор мешавад. 

Қаблан мақомоти Душанбе зимни муаррифии барномаи ҷашнвораи тобистона изҳор доштанд, ки дар он иштироки сарояндаи машҳури эрониасли муқими Амрико Мансур Ҷаъфарӣ, парвоз дар  кураҳои ҳавоӣ, тамошои ҷаҳиши парашутчиён ва бурдҳои қиматнок дар назар аст.

Рустами Эмомалӣ дар Душанбе фестивали тобистона баргузор мекунад

Вуруд ба ҷашнвораи мазкур тавассути “CityCard” ба роҳ монда  шуда, масъулин изҳор дошта буданд, ки нархи он на болотар аз 30 сомонӣ хоҳад буд. Даромад барои хурдсолони аз 3 то 10-сола ройгон аст

Ҷашнвораи мазкур бо сарпарастии “TurkishAirlines”,  ширкати “Coca-Cola” дар Тоҷикистон сурат гирифта, бурдҳои қиматнок, аз ҷумла 10 адад дучарха ва дигар ашёи арзишнок ба роҳ монда шудаанд. Иштирокдорон  метавонанд чиптаи саёҳат ба Туркияро бурд намоянд.

Лентаи хабарҳо
0