Вориси Сино: Профессор Аҳмадов китобашро дар Узбакистон нашр кард

© Амина ИсхакиАвиценна - врач, поэт, философ, математик и натуралист. Статуя на территории штаб-квартиры ООН в Вене
Авиценна - врач, поэт, философ, математик и натуралист. Статуя на территории штаб-квартиры ООН в Вене - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Доктори илмҳои тиб, профессор Аҳмадов Бахтиёр Почомирович китоби 23-юмини худро нашр кард

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ба муносибати 1039 солагии Шайхурруаис Абӯалӣ ибни Сино асосгузори мактаби миллии онкологии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Аҳмадов Бахтиёр Почомирович китоби 23-юмини худро таҳти унвони "Мероси Абӯалӣ ибни Сино аз назари саратоншиносони муосир" ба нашр расонид.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар китоби навбатии ин табиби пуркор, ки бо ҳаммуаллифии Б.Б. Ахмедов, Г.Г Ҳакимова чоп шудааст, мақолаҳои тадқиқотии ӯ  бо номҳои "Абӯалӣ ибни Сино-табибу мутафаккири беназир, ҳамадон ва шоир", "Бемориҳои онкологӣ дар "Ал-қонун-фи-тиб"-и Сино", "Сино бузургтарин табиби муолиҷагар", "Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино файласуф, табиб ва адиби бузурги тоҷик" гирдоварӣ шудаанд.

"Китоб бо теъдоди 500 нусха ва бо забонҳои тоҷикиву русӣ дар нашриёти "Тамаддун"-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбакистон аз чоп баромада, ба доираи васеи олимони соҳаи тандурустӣ, хоса саратоншиносони кишвар пешбинӣ шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Давлат Худоназаров - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати Давлат Худоназар: талоши Рӯдакӣ зидди арабишавӣ то баҳси тоҷику узбак барои Сино

Бояд гуфт, ки олими варзидаи соҳаи саратоншиносии кишвар Аҳмадов Бахтиёр Почомирович ба пиронсолии худ нигоҳ накарда, бо омӯзиши дақиқи асарҳои Абӯалӣ ибни Сино ва овардани мисолҳои дақиқ исбот кардааст, ки осори ин нобиғаи илми ҷаҳонӣ то ба имрӯз ҷанбаҳои омӯхтанашуда дорад.

Марҳами дарди дил: чигуна набераи Сино пизишки муваффақи Маскав шуд

Манбаъ афзуда, ки муаллифон бо ҳадафи такмили усулҳои нави ташхис ва табобати бемориҳои вазнини онкологӣ ва муолиҷаи онҳо баъди ҷарроҳӣ, аз осори гаронбаҳои Абӯалӣ ибни  Сино бардошти хубе ирифтаанд.

Лентаи хабарҳо
0