11:42 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мулоқоти Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ бо Далер Назар, овозхони шинохтаи Тоҷикистон

Мулоқоти Далер Назар бо Файзов: аз таърифи раис то мақсади маэстро аз сафар ба ВМКБ

дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ВМКБ
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
138730

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон имрӯз бо Далер Назар, овозхонаи шинохтаи Тоҷикистон мулоқот карда, дар мавриди бахши фарҳангу овозхонӣ табодули афкор намудаанд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ВМКБ, Ёдгор Файзов аз ҳунари Далер Назаров таъриф карда, ӯро мояи ифтихор хондааст.

“Чеҳраи ҳунарии Шумо ҳамчун сарояндаи соҳибҳунар дар ҷодаи эстрадаи навин тоҷик, ки мусиқии фолклори тоҷикро дар сабти оҳангҳои эстрадии "поп-фолк" таълиф намуда, месароед. Ин барои мо боиси ифтихор аст, ки Шумо фарзанди ҳамин диёр дар тамоми давлатҳои Осиё ва Аврупо мардумро бо оҳанг ва эҷодиёти нависандагон ва шоирони тоҷик шинос менамоед”, - изҳор доштааст Ёдгор Файзов.

Ба иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, Далер Назар дар навбати худ изҳор доштааст, ки имрӯз шароити хеле хуб барои нигоҳ доштани фарҳанги аҷдоди мо фароҳам оварда шудааст.

“Овозхонони ҷавони Бадахшон имрӯз хеле машҳур шуда истодаанд. Мо мақсад дорем, ки овозхонони ҷавони вилоятро дастгирӣ намоем. Мақсади омадани ман ба зодгоҳам Бадахшон ин аст, ки бештар бо дунёи овозхонони ҷавони вилоят, шароити кории онҳо шинос шавам”, - изҳор доштааст Далер Назар.

Ӯ афзудааст, ки овозхонони ҷавони вилоят маҳорати хуб доранд ва дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз кишвар низ иштирок карда истодаанд.

“Ман боварии комил дорам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баҳри ба даст овардани манфиатҳои натиҷабахш дар соҳаи фарҳанги вилоят ба мо кумаки худро дареғ намедорад”, - иттилоъ додааст котиботи ҳукумати вилоят аз қавли Далер Назар.

Мавзӯъҳои асосӣ