Филм дар бораи раисиҷумҳури Тоҷикистон соҳиби шоҳҷоиза шуд

Обуна шудан
Филми ҳуҷҷатии "Марди роҳ" соҳиби Шоҳҷоизаи Ыашнвораи телевизионии филмҳои мустанад-"Симо" гардидааст

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Филм аз ҷониби Муассисаи давлатии телевизиони "Сафина" омода шуда, муаллиф ва коргардони он Носир Саид мебошад.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» хабар медищад.

Гуфта мешавад, ки дар ин филм бо истифода аз далелу асноди муътамади таърихӣ аз кору пайкори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати деринтизор ба таври мусаввару мунаввар қисса карда мешавад.

"Тамошои филми мазкур  ба ҳар фарди дилогоҳ бори дигар ҳадиси пандомӯзи ватандорию худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро меомӯзад", - омадааст дар хабарнома.

Эмомали Рахмон на церемонии в честь запуска первого агрегата Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Мардуми Тоҷикистон интизор: тамошои дастаҷамъонаи филм дар бораи Эмомалӣ Раҳмон

Тибқи иттилои манбаъ, Ҷашнвораи мазкур бори дуюм аст, ки бо ташаббуси Телевизиони "Синамо" гузаронида мешавад.

Дар ҷараёни он 48 филми ҳуҷҷатӣ манзури ҳайати ҳакамон гардонида шуда, аз ин миқдор 22 филм ва барномаҳои телевизионии ба он монанд барои ширкат дар фестивал–озмун пешбарӣ гардиданд.

Дар асоси қарори ҳайати ҳакамон 14 нафар ҳуҷҷатнигорон барои офаридани филмҳои баландмазмун ва саҳми арзанда дар рушди кинематографияи тоҷик бо ҷоизаҳои Телевизиони "Синамо" қадрдонӣ шуданд.

Дар номинатсияи “Беҳтарин филм бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Дилбари Наҷмиддин (Телевизиони "Тоҷикистон") барои филми "Саёҳати Рашт" ва Шарафи  Кароматулло (Телевизиони "Ҷаҳоннамо") барои  филми "Истаравшан" ғолиб дониста шуданд.

Толиб Раҳматуллоев (Киностудияи "Тоҷикфилм")  барои филми "Ҳадяи осмонӣ" дар номинатсияи “Таваҷҷуҳи тамошобин” соҳиби ҷоиза гардид. Ҳамин гуна ҷоиза насиби Саидҷаъфар Сафарзода (Телевизиони  "Хатлон") барои филми "Бадахшон" гардид.

Неъматулло Неъматов (Телевизиони "Синамо")  барои филми "Достони асп" дар номинатсияи "Беҳтарин танзим ва кори дизайнерӣ" муваффақ гашт.

Зрители в кинотеатре - Sputnik Тоҷикистон
"Ин филм барои ҳукуматдорон аст" : намоиши “Боз меоям” дар Маскав

Наворбардори беҳтарин Меҳрубон Маликов барои филми "Ганҷ" ва  Давлат Сафар барои таълифи "Достони асп" филмноманависи беҳтарин дониста шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аввалин Фестивали телевизионии филмҳои мустанад «Симо»  2 сол қабл бахшида ба Соли ҷавонон  эълон гардидани соли 2017 роҳандозӣ шуда, маросими ҷоизасупории он дар “Кохи Наврӯз” бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор  гардида буд.  Ин навбат дуюмин маросими ҷоизасупории Фестивали телевизионии филмҳои мустанад "Симо"  бо иштироки зиёда аз  700 нафар дар "Кохи Суруш" баргузор шуд.

Мақсад аз он дарёфти эҷодкорони касбӣ ва ба ин восита тарбияи мутахассисони соҳа мебошад. Ҳадафи ниҳоӣ ба вуҷуд овардани фазои рақобати солим миёни телевизиону киностудияҳои ватанӣ, дарёфту муаррифии соҳибистеъдодҳои ҷавон ва дар ин замина саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳаи телевизион ва кино  арёбӣ карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0