11:39 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Ансамбль Бадахшан в центре руководитель Сахиба Давлатшоева

Соҳиба Давлатшоева дар Узбакистон ҳунарнамоӣ мекунад

© Фото: Facebook
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
519 0 0

Бори аввал дар ҷашнвораи мазкур дар қатори аъзои ҳакамон аз 10 давлати дунё аз Тоҷикистон мусиқишинос, доктори илми санъатшиносӣ, узви Иттифоқи оҳангсозони тоҷик Аслиддин Низомов низ ширкат мекунад

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Рӯзи 25 август дар шаҳри Самарқанди Узбакистон Ҷашвнвораи байналмилалии мусиқии "Таронаҳои Шарқ" ("Шарқ  тароналари")  баргузор мегардад.

Тибқи иттилоии Академияи илмҳои Тоҷикистон, бори аввал дар ҷашнвоари мазкур дар қатори аъзои ҳакамон аз 10 давлати дунё аз Тоҷикистон мусиқишинос, доктори илми санъатшиносӣ, узви Иттифоқи оҳангсозони тоҷик Аслиддин Низомов иштирок мекунад.

"Дар ин фестивал дастаи ҳунармандони Тоҷикистон бо роҳбарии  Соҳиба Давлатшоева ва дигар санъаткорон мусиқии суннатии тоҷикро муаррифӣ  менамоянд", - омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки ин Ҷашнвораи байналмилалии мусиқӣ аз соли 1997 бо ташаббуси Созмони ЮНЕСКО ва Узбакистон таъсис дода шуд, марказаш дар Куреи Ҷанубӣ ҷойгир аст.

Ҳадаф аз таъсиси ин фестивал муаррифӣ ва эҳёи  мусиқии суннатии халқу миллат мебошад.

Ҷашнвораи мазкур дар ду сол як маротиба танҳо дар шаҳри Самарқанди Узбакистон доир шуда, он  дар саҳни мадрасаи Шердор аз  қисми шаб оғоз меёбад.

Дар фестивали мазкур меҳмонон аз 70 давлати дунё-намояндагони Осиё, Африқо ва Аврупо ширкат меварзанд. Имсол ҳунармандон аз 33 давлат, ба монанди Аргентина, Венгрия, Испания, Корея, Латвия, Миср, Озарбойҷон, Покистон, Сингапур, Чин ва Ҳиндустон санъати суннатии худро муаррифӣ менамоянд ва 29 мусиқии суннатӣ садо медиҳад

Инчунин дар доираи фестивал Конфронси байналмилалӣ  таҳти унвони «Дурнамои рушди мусиқии суннатӣ дар олам» гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки барои иштирокчиёни ҷойҳои аввал 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм 7 ҳазор доллар ва ҷойи сеюм 3,500 ҳазор доллар мукофот муқаррар гардидааст.

Барчаспҳо:
ҷашнвора, Узбакистон, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ