11:34 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Чойнику табақ, акс аз бойгонӣ

Насби муҷассамаи табақ, косаю чойник дар хиёбони Раҳмон Набиев

© Sputnik / Стас Этвеш
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
121 0 0

Мақомоти Душанбе мегӯянд, зимни навсозии хиёбони Раҳмон Набиеви ноҳияи Сино гулгаштҳои нав дорои ороишоти хусусиятҳои миллӣ насб гардидаанд

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Аббос Саймиддинзода, муовини раиси ноҳияи Сино мегӯяд, навсозии хиёбони мазкур дар асоси  нақшаи чорабиниҳо барои таҷлил намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат гирифт.

“Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ин ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳия нақшаи чорабиниҳои бунёди иншоот таҳия шуда,  бо роҳбарии муовини Сарвазир Азим Иброҳим  комиссияи корӣ ташкил гардида, алҳол  корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфтаанд”, - иттилоъ дод “Ховар” аз қавли Саймиддинзода.

Манбаъ афзуд, ки  таҷлили ин ҷашни  таърихӣ  дар ноҳия бунёди 1704 иншооти таъйиноташон гуногун бо таъсиси 2809 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла сохтмон ва навсозии 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи томактабӣ барои 1260 ҷой, 7 муассисаи тандурустӣ, 19 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 17 маркази хизматрасонӣ, 35 бинои истиқоматӣ, 23 майдончаи варзишӣ, 150 партовгоҳ ва роҳу пулҳои мошингард ба нақша гирифта шудаанд.

Бар асоси иттилоия, алҳол дар ҳудуди ноҳия рангу бори намои биноҳои истиқоматию маъмурӣ ва навсозии роҳҳои мошингард бо маром идома дошта, соҳибкорон ва нафарони саховатпеша  дар ободонӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия саҳми назаррас доранд.

Мавзӯъҳои асосӣ