Чу қандаки хуҷандӣ: нашри суруди ҷадиди Ҷонибек дар бораи духтари ҳиротӣ-навор

Обуна шудан
Ҷонибек Муродов, овозхони шинохтаи Тоҷикистон суруди ҷадидаш зери унвони “Дил, эй дил”-ро пешниҳоди мухлисон намудааст

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ҷонибек Муродов суруди навашро имрӯз дар саҳифаҳои интернетияш нашр карда, тайи соатҳои аввал онро садҳо нафар писандидаанд.

Дар суруд аз азизи дил даъват мешавад, ки меҳмон шаваду баҳонаҷӯию номеҳрубонӣ накунад. Аз мухотаб чун қандаки хуҷандӣ тавсиф мешавад. Таъкид мегардад, ки гулдухтари ҳиротӣ чун набот асту барои дил фариштаи ҳаёт мебошад.

Қаблан Ҷонибек Муродов дар саҳифаяш суруд ва намоҳанги Қадами Қурбонро нашр карда буд, ки ба яке аз сертамошобинҳои сол табдил шуда буд. Намоҳанги таҳиякардаи Ҷонибек ва Қадами Қурбон бо номи "Азизам" пешниҳод гардида буд. Таъкид шуда буд, ки муаллифи матни ин суруд Илҳоми Ширин буда, оҳангсоз Шароф Шакарӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0