23:53 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Народные танцоры в национальных костюмах выступают во время торжеств

Мақомоти Исфара чаро озими ноҳияи Бешариқи Узбакистон шуд?

© AP / Anvar Ilyasov
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
194 0 0

Ҳайати васеи мақомоти шаҳри Исфара барои ҷашни Истиқлолияти Узбакистон озими ноҳияи Бешариқи ин ҷумҳури шуд

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Ахиран бо мақсади иштирок дар барномаҳои идона бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Узбакистон намояндагони шаҳри Исфара бо роҳбарии раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин озими ноҳияи Бешариқ шуданд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти шаҳри Исфара, намояндагони шаҳри Исфараро дар гузаргоҳи сарҳадии "Равот" роҳбарияти ноҳияи Бешариқ ва фаъолону сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Намояндагони шаҳри Исфара дар якҷоягӣ бо мизбонон дар чорабиниҳои идона, ки дар базмгоҳи асосӣ - варзишгоҳи марказии ноҳия сурат гирифт, иштирок намуданд.

“Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо баробари ба мардуми ноҳияи Бешариқ расонидани табрикотии саршори таманниётҳои нектарини сокинони шаҳри Исфара, аз дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии милливу давлатӣ, зиндагии осудаву ороми шаҳрвандон ва пешрафти устувори иқтисодии Тоҷикистону Узбакистон ёдовар шуд”, таъкид намудааст манбаъ.

Вай инчунин таъкид доштааст, ки мадуми ду кишвар, новобаста аз мушкилоти зиёд ва рӯйдодҳои таърих, ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрӯз нигоҳ доштаанд.

Дар идома меҳмонони исфарагӣ барномаи ҷолиби консертиро бо иштироки беҳтарин ҳунармандони узбекистонӣ тамошо карданд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Исроилҷон Файзидинов бошад бо таронаҳои худ мардуми меҳнатқарини ҳамсоякишварро бо ҷашнашон муборакбод гуфт.

Инчунин зимни сафар ҳайати намояндагони шаҳри Исфара аз якчанд корхонаву муассисаҳои таълимӣ, мавзеҳои таърихиву осорхонаи ноҳияи Бешариқ дидан намуда, бо соҳибкорони ҳамсоякишвар бобати тақвияти ҳамкориҳо суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.

Барчаспҳо:
Ташрифи ҳайати Тоҷикистон, Рӯзи истиқлолият, истиқлолият, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ