Вазир: Оқохони IV ба Русия меояд-видео

© AP / John AmisПринц Карим Ага-хан IV, архивное фото
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ирада Аюпова, вазири фарҳанги Тотористон аз сафари Оқохони IV ба шаҳри Қазон хабар дод, ки даҳаи дуюми моҳи сентябр дар назар аст

ДУШАНБЕ, 1 сен— Sputnik. Аюпова зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки Оқохони IV ҳамроҳи раисиҷумҳури Тотористон, Рустам Минниханов ва мақомдорони баландпояи кишварҳои дигар дар маросими расмии супоридани ҷоизаи Аълоҳазрат Оқохон оид ба меъморӣ барои соли 2019 иштирок хоҳад кард.

Архитектурная концепция зданий расположенных по улице Айни, согласно реализации Генерального плана г. Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Мудерн ва осмонбӯс: Рустами Эмомалӣ Душанберо дигар мекунад - акс ва видео

Ба иттилои вазир дар маҷмуъ чорабиниҳои марбут ба эътои ҷоиза аз 11 то 14 сентябр дар назаранд ва маросими расмӣ рӯзи 13 сентябр дар Академияи опера ва балет дар Қазон бо ҳузури Оқохони IV баргузор мешавад.

Ахиран дар Қазон барандагони ҷоизаи Аълоҳазрат Оқохон оид ба меъморӣ барои соли 2019 муаррифӣ шуданд. Ғолибони ин ҷоизаи бонуфуз як миллион долларро миёни худ тақсим хоҳанд кард.

Миёни барандагони ҷоиза - Тарҳи бозсозии шаҳри Муҳаррак дар Баҳрайн, Тарҳи таълимии "Arcadia" дар Бангладеш, Осорхона дар шаҳри Бирзеити Фаластин, Барномаи рушди фазои ҷамъиятӣ дар Тотористони Федератсияи Русия, ки дар доираи он 328 тарҳи бозсозии боғу гулгаштҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тотористон роҳандозӣ шудааст, муаррифӣ гардиданд.

Ҳамчунин қисмате аз Донишгоҳи ба номи Алиуна Диопа дар шаҳри Бомбай, Боғи "Wasit" дар шаҳри Шарҷаи Амороти Мутаҳидаи Араб низ миёни тарҳҳои беҳтарини меъморӣ номбар шудаанд.

Имсол кори барандагони озмун аз ҷониби нӯҳ довар аз ҳисоби коршиносон ва меъморони шинохтаи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ шудаанд.

Ҷоизаи Аълоҳазрат Оқохон дар риштаи меъморӣ - натанҳо барои тарҳи нодири меъморӣ супурда мешавад, балки бештар барои беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии мардум тавассути тарҳи меъморӣ нигаронида шудааст.

Рынок Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдорӣ теъдоди бозорҳо, кӯл, тарабхона ва ошхонаҳои миллиро дар Душанбе гуфт

Aga Khan Awards for Architecture - соли 1977 аз ҷониби Аълоҳазрат Оқохони чаҳорум бо мақсади дарёфти тарҳҳои нодири меъморӣ дар тамоми гӯшаю канори дунё, роҳандозӣ шудааст.

Ҷоизаи меъморӣ дар бахшҳои зерин супорида мешавад: "Дизайни муосир", "Иншооти ҷамъиятӣ", "Рушди фазои истифодаи умум", "Нигоҳдории иншооти таърихӣ", "Азсаргирии истифодаи иншооти арзиши таърихидошта", "Дизайни ландшафтӣ" ва "Мудернизатсияи фазо".

Ҷоиза 42 сол боз инҷониб супорида шуда, то имрӯз 122 тарҳ барандаи Aga Khan Awards for Architecture шудааст. Дар умум то соли 2019 барои дарёфти Aga Khan Awards for Architecture беш аз 9 ҳазор тарҳи меъморӣ пешниҳод шудааст.

Лентаи хабарҳо
0