Озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” дар Тоҷикистон

CC0 / Pixabay / Детские книги
Детские книги - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, ки дар кишвар даври ҷумҳуриявии озмуни “Библиомарафон” гузаронда мешавад

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, рӯзҳои 2-3 сентябри соли 2019 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” таҳти унвони “Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ” гузаронда мешавад.

Жители Таджикистана встретили праздник Ид аль-Фитр или Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тоҷик дар Узбакистон ба масҷид рафту бо “идея” баргашт

"Санаи 4 сентябр, соати 14:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими мукофотсупорӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни номбурда баргузор мегардад", - омадааст дар иттилоия.

Қаблан Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки дар ҷомеаи муосири тоҷик мавқеашро гум накардааст.

"Боиси ифтихор аст, ки дар ҷомеаи навини тоҷикон низ яке аз меросҳои бузургтарини аҷдодони мо китобу китобхонӣ мавқеъ ва арзишашро гум накардааст", — таъкид намуда буд вазир.

Ӯ яке аз рисолати асосии кормандони китобхонаҳоро ҷамъоварӣ, омӯзиш ва ҳифзу муаррифӣ намудани осори пурғановати фарҳангии куҳандиёрамон хондааст.

"Дар замони муосир таълиму тарбия масъалаи асосии ҷомеасозӣ гардидааст, чунки танҳо саводнокӣ, бомаърифатӣ ва маънавиёту ҳунар омили рушди гулгулшукуфии Ватан шуда метавонанд", — изҳор доштаст Орумбекзода.

Вазири фарҳанг рисолати бузурги кормандони китобхонаҳоро тарбия ва ҷалби ҷавонону наврасон ба омӯзиши таъриху маданияти тоҷик хонда, таъкид намудааст, ки ба ҳамин восита дар баланд бурдани маънавиёти ҷомеа нақши шоиста мегузоранд.

Лентаи хабарҳо
0