22:36 05 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Гул, акс аз бойгонӣ

Даргузашти арбоби ҳунари Тоҷикистон Алмос Абдуллоев

CC0 / Pixabay
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
105 0 0

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз даргузашти Арбоби ҳунар, профессор, устоди Консерваторияи миллӣ, Алмос Абдуллоев хабар дод

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо нашри як сӯгнома изҳор доштааст, ки аҳли фарҳангу ҳунар аз даргузашти Алмос Абдуллоев андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

Алмос Абдуллоев — овозхон, оҳангсоз, донандаи мусиқии мардумӣ ва Шашмақом мебошад.

Алмос Абдуллоев фориғуттаҳсили Омӯзишгоҳи мусиқии Самарқанд дар суоли 1956 ва Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар соли 1983 мебошад. Бар асоси тарҷумаи ҳоли Абдуллоев, ки дар донишномаи озод нашр шудааст, ӯ солҳои тулонӣ навозанда, мутриби Филармонияи давлатии Тоҷикистон буда, муддате дар институти мусиқии мардумии Ироқ тадрис намуда, ромишгар, роҳбари мусиқӣ, роҳбари бадеӣ, муаллим – ромишгари дастаи мақомхонон дар ансамбли давлатии "Шашмақом" будаст.

Марҳум ҳамчун муаллими гурӯҳи мусиқии суннатии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  ва ҳамчунин мудири кафедраи мусиқии суннатии Консерваторяи миллии Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Алмос Абдуллоев ба кишварҳои зиёди Шарқу Ғарб, ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ дар ҳайати дастаҳои ҳунарӣ сафар намуда, солҳои охир дар Консерватория миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Барчаспҳо:
Донишкадаи санъати Тоҷикистон, шашмақом, даргузашт, таҳсил, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ