02:14 10 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Нигина Амонкулова, архивное фото

Табрикоти Нигина Амонқулова ба мардуми Тоҷикистон - видео

Facebook / Nigina Amonkulova
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 сентябр - рӯзи Истиқлол: 28 соли мустақилияти Тоҷикистон (49)
97920

Овозхони шинохтаи тоҷик Нигина Амонқулова мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи истиқлол муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Нигина Амонқулова дар паёми табрикотиаш ба хонадони мардуми Тоҷикистон баракат орзу кардааст.

"Салом арз мекунам ба кулли мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз! Ҳамаи шуморо бо истиқлолияти давлатӣ табрик мегӯям. Баракат ба хонадонатон, ба касбу коратон. Ҳамаи хушиҳои зиндагӣ бо шумо бошад", - мегӯяд Нигина дар наворе, ки дар саҳифааш дар Instagram нашр шудааст.

 Ёдрас мешавем, ки бо ширкати ситораҳои тоҷик шоми 3-юми сентябр дар Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии "Кули Душанбе" консерт баргузор гардид.

Дар консерти мазкур Баҳром Ғафури, Нигина Амонқулова, Дамирбек Олимов, Гурӯҳи Шамс, Суруш Холов, Зайнура Пулодова, Зулайхо Маҳмадшоева, Хуҷаста мирзовалӣ, Шуҳрат Сайнаков, Манижа Сабоҳ, Хайриддини Шариф, Дилшод Файзулло, Қурбон Алиев ва ғайра ширкат карданд.

Ёдрас мешавем, ки имсол аз 28 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҷлил мекунанд.

Қарор ва изҳорот "Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" санаи 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои олии ҷумҳурӣ қабул шуда буд.

Пештар хабар дода будем, ки чорабиниҳои асосӣ дар Душанбе бахшида ба ҷашн шоми 9 сентябр дар маҷмааи "Наврӯзгоҳ" доир мегардад, ба сокинону меҳмонони пойтахт бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар намоиши театришуда пешкаш мешавад.

Мавзуҳо:
9 сентябр - рӯзи Истиқлол: 28 соли мустақилияти Тоҷикистон (49)
Барчаспҳо:
табрикот, муборакбодӣ, Рӯзи истиқлолият, Нигина Амонқулова

Мавзӯъҳои асосӣ