07:35 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Павильон Таджикской ССР на ВДНХ, архивное фото

Сирри нест шудани дукони намоишии Тоҷикистон дар ВДНХ-и Маскав  

© Архив пресс-службы ВДНХ
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
Таърихи Тоҷикистон дар харитаи Маскав (12)
148 0 0

Дар даврони Шӯравӣ ҳар як ҷумҳурии ин Иттиҳод дар Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ ва ё ба истилоҳ ВДНХ-и шаҳри Маскав намояндагии худро дошт. Дар ВДНХ дукони (павилион) Ҷумҳури Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мавҷуд буд, аммо ҳоло асаре аз ӯ боқӣ намондааст. Дукони Тоҷикистон аз ВДНХ куҷо шуд?

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik, Лев Рыжков.  Дар таърихи меъмории Шӯравӣ дукони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ ва ё ВДНХ-и шаҳри Маскав инъикосгари навовариҳо ва анъанаҳои 1000-солаи миллати тоҷик буд. Бинои он ба шиҳоби (метеор) равшан шабоҳат дошт, аммо мутаассифона тез аз байн бурда шуд.

Тоҷикистон кишвари хоксор ва дорои бойгариҳо аст

Внутри павильона Таджикской ССР
© Архив пресс-службы ВДНХ
Внутри павильона Таджикской ССР

Сохтумони дукони намояндагии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Иттиҳоди Шӯравӣ – ВДНХ соли 1937 оғоз гардид ва дар соли 1939 кушода ба истифода дода шуд. Бинои он баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ азнавсозӣ шуда буд.

“Дукони Тоҷикистон хурдтарин дукон дар ВДНХ буд, - мегуяд нависанда ва рӯзноманигор Амирам Григорев. Ҳоло дар Тоҷикистон 9 миллион одам зиндагӣ мекунад, аммо 80 сол пеш аҳолии Тоҷикистони Шӯравӣ 900 ҳазор нафарро ташкил мекард. Тоҷикистон яке аз ҷумҳуриҳои хурдтарини Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт ва ҳамин тариқ дукони ин кишвар дар ВДНХ ба қатори дуконҳои калон шомил набуд”.

Дукони Тоҷикистон дар ВДНХ аз 5 толор иборат буд ва дорои меъмории гуногун – аз мактаби мавританӣ сар карда, то навсозиҳои мӯди он давра. Як толор дар бораи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нақл мекард. Дигар толор ба дастовардҳои маҳсулоти асосӣ дар соҳаи кишоварзӣ – пахта бахшида шуда буд. Маҳз дар ҳамон толор пайкараи Сталинро ҳангоми дастфишории Мамлакат Наҳангова – пионери машҳури тоҷик, ки худаш танҳо аз як гуруҳи корӣ зиёдтар пахта чинда буд, гузошта буданд.

“Дар дукони Тоҷикистон аркҳои монанд ба даврони Фотимиён, нақшу навиштаҷотҳои арабӣ ҷой доштанд, - ёдовар мешавад Григоров. – Сақфаш аз болор ва ё шоҳтирҳои бетоннӣ, ки бо шишаҳои махсус нақшбандӣ шуда буданд ва шамъдонҳо ороста шуда буданд.  Ҳама ин нақшу нигорро устоҳои чирадаст аз Тоҷикистон сохта буданд. Нақшу нигорҳои дарҳои чубин касро ба ҳайрат мегузоштанд".

Кошинҳо ва дихили дукон аз рӯи нақшҳои рассом Петр Будо, ки якчанд сол пас дар ҷанг вафот кард, сохта шуда буданд. Ва бо ҳамин аз эҷодиёти Будо ҳамон нақшу нигоре, ки дар дукони  Тоҷикистон дар ВДНХ истифода шуда буданд, боқӣ монда буду халос.

“Ҳайкалҳои “Оилаи тоҷик”, “Якҷояшавии коргару деҳқон”, ки ба эҷодиёти Антон Лавинский тааллуқ  доштанд, зебогии дуконро дучанд мекарданд, - мегуяд Амирам Григоров. – Дар бораи ин одам мегуфтанд, ки писари ғайриникоҳии Владимир Маяковский аст. Дар назди даромадгоҳи дукони Тоҷикистони Шӯравӣ ду ҳайкали омоданамудаи Лавинский ҷой дода шуда буданд, ки баъдан бе нишон нест шуданд. Касе намедонад онҳо дар куҷоянд. Ба ҳар ҳол умед ҳаст, ки онҳо метавонанд дар ягон колексия нигоҳ додшта шаванд”.

Дукони Тоҷикиситони Шӯравӣ дар ВДНХ

Павильон Таджикской ССР на ВДНХ, архивное фото
© Архив пресс-службы ВДНХ
Павильон Таджикской ССР на ВДНХ, архивное фото

Дукони Тоҷикистони Шӯравиро дар ВДНХ  дар он замон метавон ҳамчун намуна ва ё мӯд дар ҳаёти фарҳангию меъмории ҷумҳурии навтаъсис номид.

Меъморӣ, наққошӣ, санъаткорӣ – ҳамаи ин аз Маскав ба Сталинобод (ҳозира Душанбе), баъди пура ба як тарҳи хоси шарқиёна сохта ба истифода додани дукони Тоҷикистон дар ВДНХ баргаштанро шуруъ намуд ва дар асл меъёрҳои навро дар санъати тоҷик ба ҷо гузошт.

Масалан, махсусан баъди бунёди дукони Тоҷикистон дар ВДНХ роҳи дақиқи санъати нақошию меъмории Тоҷикистон оғоз шуд. Чаро? Чунки дар ин ҷо расмҳои Маҷид Хошмухаммадов, ки аввалин расоми мулоҳизакори Осиёи Миёна дониста мешуд, ҷой доштанд. Махсусан асарҳои ӯ оғози санъати аврупоии навъи реалистӣ на танҳо дар Тоҷикистон балки дар минтақа буданд.   

Кушодашавии дукони Тоҷикистон дар соли 1939 дар ВДНХ  дар шаҳри Маскав ин як муаянсозии анъанаҳои меъмории миллӣ буд, ки то ин вақт дар шакли расмӣ барои тоҷикон вуҷуд надошт.

Санъати шарқиёнаи он замон, ба гуфтаи муҳаққиқон ҷанбаи миллӣ надошт ва барои ҳамаи миллатҳои Осиёи Миёна ҷанбаи умумӣ дошт. Масалан, меъмориҳои бузурги Самарқанду Бухоро  барои чӣ тоҷик, чӣ узбак ва чӣ туркмен худӣ менамуданд. Аммо дар даврони Шӯравӣ тақсимоти меъмории миллӣ оғоз шуд. Дар он замонҳо махсусан асарҳо оид ба санъати тоҷик баромадан гирифтанд. Аммо тафовути калон миёни фарҳангҳои милатҳои ин минтақа ба вуҷуд наомад.

“Масалан, бо ташаббуси пайдошавии дукони Тоҷикистони Шӯравӣ дар Маскав як усули махсуси хоси Сталинобод дар санъати меъморӣ паҳн шудан гирифт, мегуяд Григоров. Шаҳри Сталинобод ба Ташкент шабоҳат нагирифт. Пойтахти Тоҷикистон дорои хонаҳои баландошёна набуд. Нигораҳои меъмории навсозишуда, ки дар он замон мӯд буданд ба зебогиҳои мавританӣ шабоҳат доштанд”.

Боқимондаҳои дар ҳолати садамавӣ қарор дошта

Дар нимаи дуюми солҳои 50-уми асри ХХ навсозии дуконҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав баргузор гардид. Агар дар аввал дуконҳои миллӣ ҳамчун намоишгоҳи кишварҳои аъзо дар истифода қарор доштанд, аммо оҳиста-оҳиста ба намоиши дастовардҳои соҳаи хоҷагии халқи иттиҳод рӯ ниҳоданд.

“Дукони Тоҷикистони Шӯравӣ ҳамчун толори намоишгоҳи “Фарҳанги ИҶШС” ба истифода қарор гирифт, - мегуяд нависанда. – Дукони Тоҷикистон ба ҳайси толори намоишгоҳи “Фарҳанги ИҶШС” қариб 9 сол дар хизмат қарор доштааст, то замоне, ки фармон барои нест карданаш набаромад”.

Аммо ин дукон аввал ноаён аз харитаи ВДНХ нест шуд. Шояд ба ҳолати худи бино аҳамият дода буданду вазифа ва ба кӣ таалуқ доштанаш ба инобат гирифта нашуда буд. Ҳамин тавр дар соли 1965 дукони Тоҷикистони Шӯравӣ аз ВДНХ нест карда шуд.  

Внутри павильона Таджикской ССР
© Архив пресс-службы ВДНХ
Внутри павильона Таджикской ССР

“Ба нест кардани дукони Тоҷикистон дар ВДНХ  ҳеҷ зарурате набуд, мегуяд Григоров. – Ба касе халал намерасонид, табиатан ба маҷмааи меъморӣ ворид шуд. То имрӯз аз дукони Тоҷикистон дар ВДНХ танҳо аксҳо ва баъзе навиштаҷотҳои нисбатан нигораҳои муҳим боқӣ мондаанду халос”.

Баъдан ба ҷои дукони Тоҷикистон тахтаи шарафро гузоштанд. Аммо он ҳам дер давом накард.

“Сабаби аз байн бурдани дукон ин ҷавобгӯ набудани ӯ ба меъёрҳои техники барои истифода будааст, - мегуяд таърихшинос Павел Нефедов. – Дуконҳои аз дарахт сохта шуда дорои гармкунакҳои калориферӣ ва обтаъмиркунакҳои куҳан буданд. Ин гуна биноҳо дар бисёр ҳолатҳо бе таҳкурсӣ буданд. Дар дохили деворҳо ях мекарданд, бомҳояшон ки аз тол буданд мечакиданд”.

Ягон норозигии дар бораи қарори аз байн будани дукони Тоҷикистон дар ВДНХ ба миён наомад. Ин ба гуфтаи муаррих аз он шаҳодат медиҳад, ки бино шояд дар ҳолати садамавӣ қарор доштааст. Агар дар ҳолати хуб қарор медошт шояд аз байн бардошта намешуд.

“Набояд фаромӯш кард, ки ҳама меъмориҳои давраи сталинӣ дар миёнаҳои солҳои 60-ум ҳамчун  меъмории арзишманд не, балӣки ҳамчун боқимондаи гузашта ҳисобида мешуданд, - мегуяд Нефодов. – Одамон дар рӯзномаҳо менавиштанд, ки: “Дар назди хориҷиён хиҷолатовар аст, вақте ки онҳо биноҳои номувофиқи меъмориҳои куҳнаро мебинанд”.

Шояд барои ҳамин касе дар бораи боқӣ гузоштани дукони Тоҷикистон фикр накард. 

Дуконро дар як шаб нест карданд, то ки дар субҳ шаҳрвандони Шӯравӣ ба ғафлат наандозанд. Бо ҳамин дукони зебои Тоҷикистон аз ВДНХ нест шуд.

Навбат ба атом 

Место строительства павильона Атом, ранее тут был павильон Таджикистан
© Sputnik / Стас Этвеш
Место строительства павильона "Атом", ранее тут был павильон "Таджикистан"

Ҳоло дар ҷои собиқ дукони Тоҷикистон дар ВДНХ Маскав чуқурӣ барои андохтани таҳкурсӣ омода кардаанд. Аз рӯи маълумотҳо дар ин ҷо ба наздикӣ дукони нави қувваи атомӣ сохта мешавад.

Дар сомонаи расмии шаҳрдории Маскав маълумоти мукаммал дар ин бора дастраси хоҳишмандон гаштааст. Қисмати берунаи деворҳои ин дукон бо шиша омода мешаванд, дохил бошад, инъикосгари гардиши мадори электрон дар атом шуда, бомашро сабз карда майдончаи назоратӣ омода месозанд.

Ба ҳар ҳол набояд  гуфт, ки намояндагии Тоҷикистон дар ВДНХ вуҷуд надорад. Масалан, духтари тиллоии тоҷик бо либоси миллӣ дар даст пахта боқӣ мондааст, ки зебогии фаввораи азнавсозишудаи “Дустии халқҳо”-ро  дучанд мекунад.

Ғайр аз ин тирамоҳи гузашта дар ВДНХ намоиши фурӯши “Маҳсулоти Тоҷикистони офтобӣ” баргузор гардид, ки дар он мева, сабзавот, шириниҳо ва аз ҷумла оши тоҷикӣ пешкаши мухлисон гардонида шуда буданд. Ҳар сол дар дукони №72 намояндагони Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро бо тантана ҷашн мегиранд.   

Мавзуҳо:
Таърихи Тоҷикистон дар харитаи Маскав (12)
Барчаспҳо:
намоиш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ