06:39 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Рамзи Хӯшаи гандум дар ноҳияи Данғара

"Хӯшаи гандум": рамзи нави Данғара дар даромадгоҳ чигуна аст - акс

Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
425 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар даромадгоҳи ноҳияи Данғара рамзи “Хӯшаи гандум”-ро ифтитоҳ намуд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, сутунпояи рамзи “Хӯшаи гандум” 33 метр ва андозаи худи хӯшаи гандум 10 метрро ташкил медиҳад.

“Дар қисми болоии рамз соли таъсисёбӣ ва номи ноҳияи Данғара бо ҳарфҳои зарҳалӣ навишта шудааст”, - омадааст даро иттилоия.

Рамзи Хӯшаи гандум дар ноҳияи Данғара
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Рамзи "Хӯшаи гандум" дар ноҳияи Данғара

Манбаъ зикр кард, ки ноҳияи Данғара аз ноҳияҳои аграрии мамлакат ба шумор рафта, дар истеҳсоли зироати ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум пешқадам мебошад.

Рабочая поездка президента Таджикистана Эмомали Рахмона
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯстро намунаи ибрат хондааст ва ифтитоҳи ин иншоотро дар рӯзҳои таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тӯҳфаи арзишманд барои сокинони ноҳия маънидод намуд.

“Масоҳати умумии майдони рамзи “Хӯшаи гандум” ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, ҳудуди он бо ниҳоли дарахтони хамешасабз ва гулу буттаҳо оро дода шудааст”, - иттилоъ дод котиботи раисиҷумҳур.

Раёсати хадамот: муҳоҷирони дохилӣ аз вилояти Суғд ба Данғара кӯч мебанданд

Манбаъ афзуд, ки дар заминаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ҳамзамон роҳи шафати рамзи “Хӯшаи гандум” аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ мутобиқ ба талаботи замон пурра таҷдиду навсозӣ ва як пули бо дарозии 18 ва паҳноии 13 метр сохта шудааст, ки иқтидори борбардории он 100 тоннаро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
ноҳияи Данғара, сафар, ифтитоҳ, рамз, гандум, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ