Дар Хоруғ беҳтарин сароянда, ровӣ ва навозандаро муайян карданд

CC BY-SA 4.0 / Корвин Нижегородов / Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ давоми ду рӯз даври вилоятии озмуни "Тоҷикистон-Ватани азизи ман!" баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ давоми ду рӯз даври вилоятии озмуни "Тоҷикистон-Ватани азизи ман!" баргузор гардид. Дар он беш аз 90 нафар сарояндагону навозандагон, оҳангсозон, ровиён, раққосон ва шоирон ширкат намуданд.

Ба гуфтаи сардори шуъбаи фарҳанги вилоят Сайёди Бунёд, "ин озмун ба 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад. Даври аввали озмун дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳо оғоз гардида, бо тавсияи ҳайати ҳакамон ғолибон ба даври дуюм, ки дар маркази ноҳияҳо баргузор гардид, роҳхат гирифтанд. Аз байни онҳо  ҳунармандон беҳтарин баргузида шуда, имрӯз ҳунари худро ба тамошобинон ва ҳайати ҳакамон ба намоиш гузоштанд".

Турист фотографирует пейзажи - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ озмун эълон карда шуд

"Дар номинатсияҳои навозандаи академӣ Дилангез Бекназарова аз шаҳри Хоруғ, суруди эстрадӣ Рамазон Ҳабибов аз ноҳияи Шуғнон, навозиши анъанавӣ Фозил Муборакқадамов аз ноҳияи Роштқалъа, ровигӣ Садаф Ҷагибекова мақоми аввалро соҳиб шуда, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд", - омадааст дар хабарномаи АМИТ "Ховар".

Мақсади асосии чунин озмунҳо дарёфти ҳунармандони боистеъдод дар байни наврасону ҷавонон, минбаъд такмил додани маҳорату малакаи онҳо ва ҳамвор кардани роҳашон ба саҳнаҳои бузурги ватанӣ ва байналмилалӣ мебошад. Зеро дар байни одамони касбу кори гуногун шахсоне ҳастанд, ки маҳорати хуби сарояндагию навозандагӣ ва эҷоди оҳанг доранд, аммо бо сабабҳои гуногун онҳо аз саҳна дар канор мемонанд.

Мутобиқи низомномаи озмуни мазкур, чунин шахсон имконият доранд аз ҳунару истеъдоди худ дарак диҳанд ва мутахассисони касбии соҳаи фарҳангро водор созанд, ки минбаъд барои такмили ҳунарашон бо онҳо ҳамкорӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0