Меҳмон аз Узбакистон: Юлдуз Усмонова ва ситораҳои тоҷик ба Хуҷанд меоянд

© Фото : Официальный сайт Юлдуз УсмоновойУзбекская певица Юлдуз Усмонова
Узбекская певица Юлдуз Усмонова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юлдуз Усмонова, сарояндаи машҳури Ӯзбакистон, пагоҳ 25-уми сентябр дар чорабинии таҷлил аз Рӯзи шаҳри Хуҷанд иштирок мекунад

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Мақомоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд, барои ҷашнгирии Рӯзи шаҳр, ба ҳисоби маъруфтарин овозхонҳои кишвар, Нозияи Кароматулло, Муҳаммадрофеъи Кароматулло, Бахтиёр Иброҳимов, Юлдуз Усмонова, сарояндаи номвари кишвари Ӯзбакистонро даъват кардааст.

Юлдуз Усманова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Юлдуз Усмонова дар Маскав консерт баргузор мекунад

Ин овозхонҳо дар майдони кушод, барои сокинон Суғд суруду тарона месароянд.

Маъмур Юсуфов, сардори дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд, санаи 25-уми сентябр, соати 18:00 дар майдони саҳни театри ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ баргузор мешавад.

Шабнами Сурайё ва Юлдуз Усмонова шоу-консерти муштарак баргузор мекунанд

“Бо ин мақсад аз тарафи раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вазифадор карда шудаанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур саҳмгузор бошанд”, - гуфт Юсуфов.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд, дар замони баргузории ҷашни Рӯзи шаҳри Хуҷанд, чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ва варзишиӣ доир карда мешавад.

В Самарканде открылся фестиваль Шарк тароналари - Sputnik Тоҷикистон
Юлдуз Усмонова ва Шавкат Мирзиёев: ифтитоҳи Ҷашнвораи бузург дар Самарқанд - Видео

Унвони “Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд” ва туҳфаҳои шаҳрдории Хуҷанд ба навзодони дар ин сана таваллудшуда тақдим карда мешавад.

Моҳи сентябр умдатан мавсими ҷашнгирии рӯзи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Санаи 15-ум рӯзи шаҳри Гулистон ва 18-уми сентябр, рӯзи ноҳияи Деваштич ҷашн гирифта мешавад.

Чанде пеш ҳам рӯзи шаҳри Душанбе таҷлил карда шуд. Ва инак барои панҷумин бор рӯзи шаҳри Хуҷанд дар санаи 25-уми сентябр талил карда мешавад. Шаҳри Хуҷанд, ки маркази маъмурии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, наздики 183 ҳазор сокин дорад.

Лентаи хабарҳо
0