Забони тоҷикӣ ва омӯзиши он дар донишгоҳҳои олии Маскав

Книги на выставке таджикской литературы
Книги на выставке таджикской литературы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оғоз аз 5 октябри соли 2009 ҳамасола Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар саросари кишвар, балки берун аз он бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik, Хуршед Шералӣ. Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон 5 октябр дар дохил ва хориҷи кишвар бо тантана таҷлил мегардад.

Маҳз дар ҳамин рӯз, 5 октябри соли 2009 Қонун "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"  қабул шуда буд, ки он  дурнамои рушди забони давлатиро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот бо вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд.

Национальная библиотека в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе вазъи забони тоҷикӣ дар манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад

Лозим ба ёдоварист, ки тули 20 сол аз соли 1989 то соли 2009 Рӯзи забони тоҷикӣ санаи 22 июл таҷлил мегардид.  

Ҳоло дар якчанд донишгоҳи олии шаҳри Маскав таълими забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст, ки донишҷӯёни хориҷӣ на танҳо ба омузиши забон, балки ба фарҳангу таърихи миллати тоҷик ошно мешаванд. Забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии забономӯзии Маскав, Пажуҳишгоҳи кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав, Институти давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав ва ғайраҳо омӯзонида мешавад.

Sputnik Тоҷикистон вобаста ба рафти омӯзиши забони тоҷикӣ дар пойтахти Русия бо омӯзгорони ва донишҷӯёни забони тоҷикӣ мусоҳиба анҷом дод. Дар рафти суҳбат маълум гардид, ки ҳар яке чӣ аз дохили омӯзгорон ва чӣ донишҷӯёни забони тоҷикӣ вобаста ба забони тоҷикӣ дар худ воқеаҳои аҷиберо ба ёд меоваранд.

Бо ҳидояти устод Сотим Улуғзода устоди забони тоҷикӣ дар Русия шудам

Хушқадамова Ҳалима Отамбековна, доктори улуми ҷомеашиносӣ, дотсент, профессори кафедраи забонҳои ҳиндуэронӣ ва африқоии Институти давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав (МГИМО), аъзои Иттифоқи нависандагон ва рӯзноманигорони Тоҷикистон, аз соли 2008 дар донишгоҳҳои олии Русия устоди забони тоҷикӣ ҳаст.

Гавхар Шарофзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шарофзода дар барои мансабдороне, ки ба забони "тоҷикӣ" суҳбат карда наметавонанд

Ӯ дар мусоҳиба ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта баъди дифои рисолаи номзадӣ дар Маскав ба ҳайси дипломат фаъолият мекард. Он вақтҳо нависандаи машҳури тоҷик, Сотим Улуғзода дар пойтахти Русия ба сар мебурданд. Муаллима аз аҳволи устод Улуғзода тез тез хабар гирифта, аз суҳбатҳояшон ғизои маънавӣ мегирифтаанд. 

"Ман бояд як чизро бигӯям. Дар солҳо 90-ум Сотим Улуғзода дар Маскав зиндагӣ мекарданд. Ман он вақт ба ҳайси дипломати тоҷик кор мекардам ва вақтҳои холиам ба аёдати аҳли оилаи устод мерафтам. Як рӯз, он кас, ки бистарӣ буданд, маро наздашон хонданд ва китоби ЗАБОНИ ТОҶИКӢ (Учебник таджикского языка для высших учебных заведений)-ро, ки муаллифонаш Степан Арзуманов ва Обид Джалолов буданд (соли нашраш 1969, Нашриёти "Ирфон") ба ман тақдим карданд. Ростӣ устод аз сабаби маризӣ кам суҳбат мекарданд, аммо ман фикр мекунам ин як рамзе буд, ки ман бояд ба тадриси забони тоҷикӣ машғул шавам", - суҳбатро оғоз кард Ҳалимаи Хушқадам.

Ҳоло ин китоби дарсиро бо соядасти ин забоншиносони варзида ба устод чун туҳфаи нодир дар хонадонаш нигоҳ медорад. Гуфтагӣ барин, онро дуюми сентябри соли 1969 ба устод тақдим кардаанд. Аз ин дидорашон панҷоҳ сол сипарӣ шудаст.

Хушқадамова меболад, ки рӯзе расиду ӯ васияти устод Улуғзодаро ба ҷо оварда тавонист. Ва ин ҳам ҳангоми иштирок дар барномаи телевизионии “Чӣ бояд кард?”- и рӯзномнигори машҳури рус Виталий Третьяков (Он вақт шабакаи Фарҳанги Русия)  рух дод. Баъди  он ӯро ба ҳайси устоди  забони тоҷикӣ ба  Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африқои назди Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов даъват карданд.

"Он вақт ман дар рӯзномаи "Москвичка"-и шаҳри Маскав ба ҳайси шореҳ кор мекардам ва ҳамвора мухбирии агентии иттилоотии “Ховар”-ро бар ӯҳда доштам. Ҳамин хел ман устоди забони тоҷикӣ шудам. Фикр мекунам, ки ин ҷо ҳидояти нависандаи хушкаломамон  кор дод: бо ҳидояти устод Сотим Улуғзода устоди забони тоҷикӣ дар Русия шудам. Имрӯз  хоҳиши устод Сотим Улуғзодаро то андозае ба ҷо оварда истодаам", - махсус таъкид кард профессори кафедраи забонҳои ҳиндуэронӣ ва африқоии МГИМО.

Вобаста ба омӯзиши забону фарҳанги тоҷикон дар Маскав ва рӯзҳои аввали кор дар донишгоҳи олӣ Ҳалимаи Хушқадам назарашро чунин баён кард:

"Бояд бигӯям, ки соли 2008 омӯзиши забони тоҷикиро ба донишҷӯёни Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африқо оғоз кардам. Аз дарсҳои аввал ҳис кардам, ки ҷавоне бо номи Иван ба фанни банда шавқ надорад. Баъди чанд дарс аз ӯ сабабашро пурсидам ва ӯ ҷавоб дод, ки мумкин аст росташро бигӯям? Ман, албатта,сари тасдиқ ҷунбондам. “Ин забони муҳоҷирони меҳнатӣ аст, ман пагоҳ донишгоҳро тамом кунам кӣ мешавам бо ин забон, оё ҷои кор пайдо карда метавонам"-гуфт ӯ. Ман ба ӯ иҷозат додам, ки метавонад ба дарсҳо наояд. Баъди чанде вай наздам  омад ва гуфт, ки тасмимашро иваз кардааст ва мехоҳад ҳамроҳи дигар шарикдарсонаш забони форсии тоҷикиро омӯзад”.

Албатта аз он вақт то имрӯз тағйиротҳои зиёде чӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ дар Русия ба амал омаданд, донишҷӯён ҳам дигар шудаанд. Ва ҳоло шогирдони Ҳалима Хушқадамова баъди хатми бакалавр дар магистратура ҳам аз рӯи ихтисоси забони тоҷикӣ таҳсилро идома медиҳанд.

Мужчина читает книгу - Sputnik Тоҷикистон
Гуруҳи тоҷикӣ дар донишкадаи Чирчиқи Узбакистон низ кушода шуд

"Айни ҳол ду нафар аз шогирдонам магистратураро хатм кардаанд. Имсол як каси дигар ба магистратура дохил шудааст. Яъне омӯзиши забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро идома медиҳад ва мавзӯи кори илмиаш ҳам бо Тоҷикистон алоқаманд аст", - гуфт ӯ.

Муаллима ба саволи "Оё ягон шогирдашон баъди хатми донишгоҳ дар алоқамандӣ бо забони тоҷики ба фаъолият шурӯъ кардаанд?" чунин ҷавоб доданд: "Шогирдони мо намояндагони касбҳои гуногун мебошанд: шарқшинос, таърихчӣ, иқтисодчию дипломат ва ғайраҳо. Албатта ҳамаи онҳо баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳояшон ба кор мераванд ва онҳо кӯшиш мекунанд ба ҷое ба кор бираванд, ки дар он ҷо талабот ба забонҳои омӯхтаашон ҳам бошад. Имсол ду шогирди банда, ки якеаш ҳоло  магистрант ҳаст, дар Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африқои ДДМ омӯзгоранд, ба донишҷӯён  нозукиҳои забони шевои тоҷикиро меомӯзонанд", - шарҳ дод муаллима. 

"Як нафари дигар мисли банда рӯзноманигор шуд ва аз ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон, ҳамватанони мо дар Русия, ҳиссаашон дар рушди ҷомеаи ин кишвар ба ҷаҳониён иттилоъ медиҳад".

Ҳалимаи Хушқадам дар рафти суҳбат аз як қатор мушкилоти ҳалталаб ёдрас шуд, ки ин норасоии китобҳои дарсӣ-методӣ, ва луғатҳои соҳавии саҳеҳи муосир, мушкилоти масоили таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва ғайраҳо мебошанд.

"Чун шароити зиндагӣ дар ватанамон пеш рафтааст, мехостам бигӯям, ки ба аз байн бурдани чанд мушкилот ниёз дорем. Ин норасоии китобҳои дарсиву методӣ, ҳали масъалаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён, дастрас намудани санадҳову фарҳангномаҳое, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп мебарорад, дастгирии лоиҳаҳои китобҳои дарсии нав ва ғайраҳо. Ман фикр мекунам, ки ҳамаи ин мушкилотро маркази фарҳангии Тоҷикистон, агар дар Маскав боз мегардид рафъ мекард", - гуфт Ҳалима Хушқадамова.

Дар Тоқикистон бояд бахши нави илмиву омӯзгорӣ "Забони тоҷикӣ ҳамчун забони хориҷӣ" фаъол гардад, - изҳори ақида намуд ҳамсуҳбати мо.

Муаллима дар охири суҳбат таманиёти худро нисбати тоҷикону алоқамандони забони тоҷикӣ чунин иброз дошт:

"Ман аз фурсат истифода бурда тамоми ҳамватанон ва ҳамаи онҳоеро, ки ба ватани ҳамешабаҳори мо меҳр доранд, бо Рӯзи забони форсии тоҷикӣ, даҳсолагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон" табрик мегӯям".  

Забони тоҷикӣ омӯхту дар донишгоҳ омӯзгори забони тоҷикӣ шуд

Лайло Вердиева, магистранти соли авали Институти кишварҳои Африқо ва Осиёи назиди Донишгоҳи давлатии Маскав ва ҳамзамон муаллимаи забони тоҷикии ҳамин дабистон дар мусоҳиба ба Sputnik Тоҷикистон баён дошт, ки вақте аз фарҳанги бой ва таърихи куҳани миллати тоҷик огоҳ шуд шавқи забономӯзияш дучанд гашт.

"Вақте, ки ман аввалин бор дар курси дуюм ба омӯзиши забони тоҷикӣ шуруъ кардам, ҳеҷ гумон намебурдам, ки замоне мерасаду ман ба донишҷӯёни соли аввал тоҷикӣ меомӯзонам. Ин барои ман ғайриоддӣ ва ҳамзамон таҷрбаи хубе шуд. Дар аввал ма ба омӯзиши забони тоҷикӣ аҳамияти хосса намедодам. Баъди забони форсӣ ин шояд бароям на он қадар муҳим менамуд. Аммо дар ҷараёни омӯзиш фаҳмидам, ки сахт хатто карда будаам. Дар ҳақиқат ин забон, на танҳо забон халқу фарҳанги Тоҷикистон арзандаи омӯзиш ва таваҷуҳи хосса мебошанд", - мегуяд Лайло.

Ба гуфтаи Лайло, яке аз мушкилиҳои омузиши забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни рус ин талаффузи баъзе ҳарфҳо мебошад. Донишҷӯён бисёр кӯшиш мекунанд монанд ба соҳибони забон ҳарфҳоро ифода кунанд.

Гавхар Шарофзода - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи забон: Мурсал, Бибиҳамрохон, Охун ва Амелия "тоҷик" нестанд

"Яке аз мушкилиҳои омӯзиши забони тоҷикиро дар талафуз мебинам. Мо дар талафузи ҳарфҳои қ,ғ,ҳ,ҷ ва задаю оҳанг кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳем. Аммо новобаста аз ҷой доштани мушкилиҳо донишҷӯён зиёд кӯшиш мекунанд, чунки мехоҳанд мисли соҳибони забони тоҷикӣ суҳбат кунанд. Ман донишҷӯёнро дар ин кор ҳавасманд мекунам", - илова кард Вердиева Лайло.

Аз рӯи гуфтаҳои муаллима Лайло донишҷӯёни гуруҳи забони тоҷикии Институти кишварҳои Африқо ва Осиёи назди Донишгоҳи давлатии Маскав аз он хурсанданд, ки хатти ин забон мисли форсӣ мусалсал нест ва қариб, ки ҳамаи ҳарфҳо барои онҳо шиносанд.

"Донишҷӯён бисёр хурсанданд, ки хатти забони омӯзишашон мусалсал нест. Хатти кирилли аз рӯи қоида осонтар аст нисбати хатти форсию арабӣ", - қайд кард Вердиева.

Забони бойю хушсадо ва фарҳанги ғанӣ

Забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии забономузии Маскав (МГЛУ) ҳамчун забони асосӣ омӯзонида мешавад. Дар ин даргоҳи адаб Маркази фарҳанг ва забони тоҷикӣ кори худро фаъолона пеш бурда истодааст. Дар ин марказ 9 донишҷӯи рус ба омӯзиши забони тоҷикӣ машғул мебошанд.

Празднование Рамадана в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия барои муҳоҷирон марказҳои омӯзиши забон ва урфу одатҳои русӣ мекушоянд

Маркази фарҳанг ва забони тоҷикии ин донишгоҳ соли 2013 бо иштироки сафири вақтии Тоҷикистон дар Маскав ва ректори ин муасисаи таълимӣ ба истифода дода шуда, гӯшае аз фарҳанги Тоҷикистонро мемонад. Дар як кунҷӣ синфхона парчами бузурги Тоҷикистон гузошта шудаву дар болояш суруди миллӣ ҷой дода шудааст.

Аз тарафи чапу рост марказро аксҳои шоирону бузургони адабиёти классику муосири тоҷик аз қабили Умар Хайём, Саъдӣ Шерозӣ, Абдураҳмон Ҷомӣ, Камол Хуҷандӣ, Садриддин Айнӣ, Лоиқ Шералӣ, Мирзо Турсунзода ва ғайра оро медиҳад.

Дар синфхона ҷевоне ҳам ҳаст, ки дар он китобҳо ба забони тоҷикӣ ҷой дода шудааст. Дар болои ҷевон лухтакҳои тоҷикӣ бо атласу адрас ва мӯйҳои майдабофӣ ҷилва мекунанд.

Ҳамчунин дар ин синф асбобҳои мусиқии тоҷикӣ-доираву дутору таблак чун тараннумгарӣ фарҳанги баланди мусиқавии тоҷикон ҷой дода шудааст. Ва гӯшае махсусан барои тоқиҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бахшида шудааст.

Студенты МГЛУ на занятии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз Шабнам то Зулайхо: чӣ гуна духтарони рус дар Маскав забони тоҷикӣ меомӯзанд

Маъмулан дар мактабҳои олии Маскав дарс соати нӯҳ оғоз мешавад, вале дарси забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи забономӯзиии Маскав аз соати 8:00 чун дар Донишгоҳҳои Душанбе оғоз мегардад.

Донишҷӯёни ин марказ мегуянд, ки онҳо аввал дар ҳайрат буданд, ки ба гуруҳи забони тоҷикӣ дохил шудаанд, аммо бо гузашти вақт аз таъриху фарҳанги бойи миллати тоҷик шинос шуда, омӯзишро давом додаистаанд.

Ба гуфтаи Шуликина Анна донишҷӯйи соли 5 Маркази фарҳанг ва забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии забономӯзии Маскав тоҷикҳо фарҳанги бой доранд, аммо дар ин бора чӣ дар Русия чӣ дар дигар кишварҳо кам одамон медонанд. Ӯ бар он аст, ки тоҷиконро мебояд барои шинос намудани дастовардҳои фарҳангияшон дар тули таърих барномаҳои махсус ба роҳ монанд.

"Тоҷикон дорои фарҳанги бой мебошанд, аммо зарурати шинос намудани он ба сокинони Русия (ва дигар кишварҳо) ҷой дорад, чунки баъзан ҳайрон мешавӣ, ки одамон дар ин бора чизе намедонанд. Масалан баъзеҳо вақте мефаҳманд, ки забони тоҷикӣ ба гуруҳи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад ҳайрон мешаванд. Баъзе одамон (ҳатто дар донишгоҳи мо аксар муаллимон) шоирони форсу тоҷикро араб мехонданд", - мегуяд Анна.  

Юлия Тенишева донишҷӯйи дигари Маркази фарҳанг ва забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии забономӯзии Маскав забони тоҷикиро хело бой ва ҳамзамон дорои сарфу наҳви мушкил хонд. Ӯ дар суҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон иқрор шуд, ки онҳо ҳангоми омӯзиши забони тоҷикӣ ба норасоии луғатҳои соҳавӣ ва китобҳои дарсию методӣ дучор шудаанд.

"Мо дар ҳайрат будем, ки оё омӯзиши чунин забони на он қадар машҳур зарур аст, мо дар бораи ин забон чизе намедонистем. Аммо гуфтан ба маврид аст ки забони бойю хушсадо, аммо мушкиломӯз аст. Мушкилияш аз рӯи грамматикааш, ки на ба русӣ ва на ба англисӣ монанд аст ва муродифҳои зиёдаш мебошад. Дар дарсҳои забони тоҷикӣ мо бо норасоии луғатҳои касбӣ ва китобҳои дарсӣ дучор мешудем. Фарҳанги тоҷикон аҷиб ва халқаш бисёр меҳмоннавоз аст", - гуфт Юлия.

Лентаи хабарҳо
0