17:50 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Пайкара ва Кохи Лоиқ Шералӣ дар Панҷакент, акс аз бойгонӣ

Ҳоли табоҳи Кохи Лоиқ Шералӣ баъди 1 соли ифтитоҳи расмӣ- акcҳо

© Sputnik / Стас Этвеш
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
574 0 0

Шоридани об аз бому танаи деворҳо таҳхонаи Кохи фарҳангии ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Панҷакентро пури об ва лавозимоти ҳунармандонро корношоям кардааст

ДУШАНБЕ, 6 окт - Sputnik. Бар асари шоридани об, либосу лавозимоти саҳнавии ҳунармандон тар шуда, онҳоро водор намудааст, ки  қабл аз омодагӣ ба чорабинӣ ба хушк намудани либосҳояшон машғул шаванд.

Рӯзноманигори маҳаллӣ Хуршед Фозилов вазъи хароби бинои Маҷмааи фарҳангию эҷодии ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Панҷакентро бо ривояти чанд акс баён намудааст.

Аз аксҳое, ки ин рӯзноманигор рӯзи 5-уми октябр дар саҳфааш дар шабакаи Фейсбук нашр намуд, дида мешавад, ки аз шоридани об аз бому деворҳои бино, дар таҳхона оби зиёде ҷамъ шуда, сабаби тар гардидани сарулибоси ҳунармандон шудааст. Ин  дар ҳоле рух додааст, ки аҳли ҳунармандони шаҳри Панҷакент дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 5-уми октябр - Рӯзи Забони давлатӣ баромад доштанд.

“Саҳар ба чорабинии Рӯзи забон, ки дар кохи Лоиқ Шералӣ баргузор мегардид, рафтам. Дидам, ки ҳунармандони шӯъбаи фарҳанги шаҳри Панҷакент дар даст либосҳои тар аз таҳхона мебаромаданд. Либосҳои саҳнавиашонро  офтоб медоданд. Аз пасашон ба таҳхона рафтам. Таҳхона пури об! Хулоса аз акс бинед ҳолу аҳволро”, - навиштааст Фозилов.

Бинои Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ  ба номи Лоиқ Шералӣ яке аз иншооти ҷашнии соли 2018 дар шаҳри Панҷакент ба ҳисоб меравад. Дар расми ифтитоҳи он дар рӯзи 28-уми марти соли 2018 раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент иштирок дошт.

Ин бино аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, дар он ба ҳисоби курсҳои забономӯзӣ, маҳфилҳои эҷодӣ “Зардӯзию армуғонсозӣ”, “Адрасбофӣ ва қолинбофӣ”, “Сӯзанидӯзӣ ва қуроқдӯзӣ” амал мекунад.

Аммо тавре ҳоло шоҳидон мегӯянд, сақфи ин бинои навсохт хароб шудаву деворҳои он шӯр задааст. Хати барқ ҳам дар баъзе аз утоқҳои он дуруст кор намекунад ва аллакай зарурати гузаронидани таъмири куллӣ дар ин бинои навсохт ба вуҷуд омадааст. Вагарна аз бетаваҷҷӯҳӣ ҳолати бинои Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ боз ҳам харобтар хоҳад шуд, мегӯянд, сокинони маҳаллӣ.

Барчаспҳо:
хароб, бунёд, Лоиқ Шералӣ, Панҷакент, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ