17:36 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Давлатманд Холов ва гурӯҳи Фалак дар Маскав

Дар Тоҷикистон имрӯз Рӯзи Фалак таҷлил мешавад

© Sputnik Умед Ҷайҳонӣ
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
63 0 0

Ҳанӯз 4 августи соли 2007 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 октябрро Рӯзи фалак эълон намуда буд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik.  Дар Тоҷикистон имрӯз Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад.

 Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи фалак имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев барномаи консертии идона бо номи "Дил, биё як дам кунем ёд аз Фалак" бвргузор мешавад.

Манбаъ меафзояд, дар барномаи консертӣ Ҳофизи халқии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов, ансамбли фолклории Ганҷина ва зиёда аз 20 нафар санъаткорону сарояндагон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Даргузашти овозхони маъруфи тоҷик Ҳабибулло Беков

Боиси зикр аст, ки 4 августи соли 2007 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 октбярро Рӯзи фалак эълон карда буд.

Аз ҳамон сол инҷониб ҳамасола дар кишвар дар ин рӯз барномаҳои консертӣ ва чорабиниҳои гуногун баргузор шуда, фалаксароён аз ҳама гӯшаву канори кишвар ба пойтахт даъват мешаванд.

Президенти Академияи илмҳо: мо барои пажӯҳиш имконияти молиявӣ дорем

Фалак як жанри мардумии таронасароист, ки бештар дар ҷануби Тоҷикистон роиҷ аст ва ҳунармандони маъруфе, чун Одина Ҳошим, Давлатманди Хол, Карими Шиш ва Гулчеҳра Содиқова парвардаи ҳамин сабканд.

Барчаспҳо:
таҷлил, Рӯзи фалак, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ