"Full HD" дар "Телевизиони Душанбе" ва дастури Раҳмон ба барномасозон

© NakibMurodovПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии Студияи нави сайёр
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии Студияи нави сайёр - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Студия имконият дорад чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро бо сифати “Full HD”, яъне дақиқияти баланд сабт ва ба таври мустақим пахш намояд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии Студияи нави сайёри телевизионӣ, ки аз технологияи муосири соҳавӣ таркиб ёфтааст, иштирок намудаанд.

Начало строительства новой гостиницы в Душанбе GRAND RUDAKI TOWER - Sputnik Тоҷикистон
Бо қарори Рустам: Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони меҳмонхонаи Ҷунайдулло Азизов оғоз бахшид

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, студияи сайёри телевизионӣ аз се мошини калон иборат буда, дар онҳо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳавӣ, ки барои сабт, пахши мустақим ва ороиши барномаву намоишҳои гуногун пешбинӣ шудаанд,  банду баст гардидааст.

Ба сарвари давлат иттилоъ додаанд, ки студияи мазкур имконият дорад чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро бо сифати “Full HD”, яъне дақиқияти баланд сабт ва ба таври мустақим пахш намояд. Студия бо 16 камераи касбӣ таъмин буда, 4 адади он ба тариқи фосилавӣ идора карда мешавад.

Ҳамчунин системаҳои сабт ва пешниҳоди барномаҳои Студияи нави сайёр имкон медиҳанд, ки ба барномаҳои телевизионӣ ороиши компютерӣ дода шавад. Тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти насбгардида истеҳсоли Ҷопон буда, ин фанноварӣ ба таври мустақим имконият дорад, ки барнома ва намоишҳоро ба маҳвора ирсол намояд. Ба иттилои масъулин, студияи мазкур феълан дар Осиёи Марказӣ назир надошта, он дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе" дастрас гардидааст.

Студияи сайёри телевизионӣ дорои генератори пуриқтидори барқӣ буда, имконият дорад таҷҳизоти кории студияро бо барқ таъмин намояд.

Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шудааст, ки дар студияи сайёр 40 нафар мутахассиси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мегардад. Як гурӯҳи кормандон аллакай аз курсҳои омӯзишии истифодаи ин технология гузаштанд.

"Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дастур додааст, ки таҷҳизоти мазкурро самаранок истифода бурда, бо истифода аз ин имкониятҳо, сатҳу сифати пахши намоишу барномаҳои телевизиониро боз ҳам беҳтар намоянд", - омадааст дар хабарнома.

Бояд зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат як зумра шабакаҳои нави телевизионӣ, аз қабили "Сафина", "Баҳористон", "Ҷаҳоннамо", "Варзиш", "Синамо", "Футбол" ва "Шаҳнавоз" ба фаъолият оғоз намуда, Академияи Воситаҳои ахбори омма ташкил карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0