19:33 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15

“Дидор”-и Душанбе оғоз ёфт

© Sputnik / Asatur Esayants
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
94 0 0

Имрӯз, соати даҳи субҳ дар толори бузурги Хонаи кино (кинотеатри “Зебунисо”) маросими ифтитоҳи ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” оғоз ёфт

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба иттилои масъулини ҷашнвораи байналмилалии “Дидор”, ҷашнвора то 20 октябр идома ёфта, дар он 57 филми мустанад ба намоиш гузошта мешаванд. Аз ҷумла, 15 филми байналмилалии озмунӣ, 8 филми озмунии тоҷикӣ, 11 филми ғайриозмунии байналмилалӣ ва тоҷикӣ дар намоиш гузошта мешаванд.

Дар ҷашнвора филмҳои мустанади филмсозони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Озарбойҷон, Русия, Афғонистон, Бритониё, Олмон, Ҳолланд, Эрон, Исроил, Амрико, Фаронса, Чехия ва ғайра иштирок доранд.
Дар барномаи он инчунин баргузории суҳбати “мизи мудаввар” дар мавзӯи “Масоили синамои мустанади муосир дар кишвари ҷудогона” ва берун аз он баррасии масъалаҳои доғи филмҳои мустанади тоҷикӣ дар назар аст.

Ҳакамони ҷашнвора доктори илмҳои ҳунаршиносӣ, филмшиноси қазоқ Г.Абикеева, мудири иҷроияи IRIB MEDIF TRADE доир ба дистрибутсия (Эрон) Алиризо Шоҳрухӣ, наворбардор ва коргардони филмҳои мустанад (Тоҷикистон) Г.Дзалаев  мебошанд

Ҷашнвораи мазкур ба поси хотири филмҳои мустанадсози маъруф Мамадқул Арабов бахшида шудааст.

Барчаспҳо:
Душанбе, байналмилалӣ, кино, ҷашнвора, дидор

Мавзӯъҳои асосӣ