00:02 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Фарҳанг

Парвиз Назаров таронаи навашро нашр кард - навор

Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
117 0 0

Парвиз Назаров овозхони машҳури тоҷики муқими Қазоқистон дар саҳифаи Фейсбукии худ таронаашро, ки ба гуфтаи ӯ солҳо боз дар компютераш маҳфуз буд, нашр кард

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik.  Парвиз Назаров имрӯз дар саҳифаи Фейсбукии худ таронаи хоми худро бо номи "Окно"- ро нашр кард.

Дар зери ин тарона Назаров навиштааст, ки аслан он барои шунавондан нест ва солҳо боз дар компютери ӯ нигоҳдорӣ мешуд.

"Ин як мавриди нодир аст, ки ман ба шумо чизеро мешунавонам, ки маъмулан шунавонда намешавад", - афзудаст Парвиз Назаров.

Парвиз Назаров соли 1971 дар Маскав ба дунё омада, касбаш рассомист ва ҳатто ду сол ба ҳайси мултипликатор дар студияи "Тоҷикфилм" кор кардааст. Вале Парвиз баъди ин рассомиро ба хотири мусиқӣ партофт ва соли 1987 гуруҳи "Адвокат" ва соли 1989 гуруҳи "Парвин"-ро таъсис дод.

Парвиз Назаров соли 1993 ба Алма-Ато кӯчид ва инак қариб 27 сол сол боз дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад. Парвиз Назаров муаллифи беш аз 10 албом ва таронаҳои хите, чун "Еду на юг", "Чарх бизан", "Лети", "Ангел", "Райҳон" (ҳамроҳ бо хоҳараш Ситора Назарова), "Беги" ва даҳҳо таронаи дигари пуршунаванда мебошад.

Аз ангуштшумор овозхонҳои тоҷик аст, ки таронаҳояш дар шабакаҳои телевизионии Русия низ намоиш дода мешаванд.

Барчаспҳо:
нашр, тарона, Парвиз Назаров

Мавзӯъҳои асосӣ