Абдуқаҳҳори Қосим – миёни шахсиятҳои маъруфи 52 давлати дунё забони тоҷикиро муаррифӣ кард

Обуна шудан
Шоир ва ходими ҷамъиятӣ Абдуқаҳҳори Қосим- ҷоизадори медали нуқраи фестивали "Лиффт" Тоҷикистонро дар Ҷашнвораи IV адабии Уросиё "Лиффт" намояндагӣ кард

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Чанде қабл дар Шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Маркази фарҳангии Гейдар Алиев Ҷашнвораи IV адабии УрОсиё "Лиффт", яке аз чорабиниҳои муҷаллои адабии ҷомеаи ҷаҳонӣ , баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, Ҷашнвора дар доираи барномаи "Соли забони халқҳои таҳҷоӣ", ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2019 эълон шуда буд, сурат гирифта, ба ифтихори 650 - солагии шоиру файласуфи машҳури озарбойҷонӣ Саидимомумиддин Насимӣ бахшида шудааст.

Ташкилкунандагони фестивал Фонди ҳамкорӣ ва рушди лоиҳаҳои халқҳои Авруосиё "Лиффт" бо сарварии Президенти он Маргарита Алӣ дар ҳамбастагӣ бо Фонди Гейдар Алиев ва дастгирии Иттиҳоди байналхалқии ташкилотҳои ғайридавлатии "Ассамблеяи халқҳои Авруосиё" муаррифӣ гаштанд.

История Таджикистана на карте Москвы: Новодевичье кладбище - Sputnik Тоҷикистон
Як қаҳрамон дар се кишвар: саргузашти Абулқосим Лоҳутӣ – навор

Ҷашнвораи "Лиффт", яке аз бузургтарин ва бонуфузтарин фестивалҳои ҷаҳон маҳсуб ёфта, ҳудуди фарогирии он 98 давлат ва 5 миллиард аҳолиро дар бар мегирад.

Мақсади фестивал таҳким бахшидани робитаҳои адабӣ, дўстии шоиру нависандагон, ноширон ва хонандагони Авруосиё буда, бояд ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии инсоният ба сулҳу осоиштагӣ ва дўстиву рафоқати халқҳои дунё метавонад таъсири бориз расонад.

Соли равон ҷиҳати иштирок дар рафти ин Анҷумани баландпоя 150 шоиру адибон аз 52 давлати қитъаи Авруосиё, ИМА ва Австралия ширкат варзиданд. Мавзўи асосии ҷаласаҳои ин ҳамоиш таҳти унвони "Тасвири симои инсони оянда" баррасӣ гаштанд.

Дар ин фестивали бонуфуз миёни адибони маъруфи дунё кишвари моро шоир, тарҷумон, журналист, арбоби шоистаи ҷамъиятӣ, узви Иттиҳоди байналмилалии нависандагон, драматургон ва журналистон, Гилдияи эҷодии Авруосиё дар Лондон, Академияи адабиёти Русия, Ассамблияи халқҳои Авруосиё, ҳамоҳангсози Раёсати байналхалқии Иттиҳоди байналмилалии нависандагон Абдуқаҳҳори Қосим намояндагӣ намуда, бори дигар Тоҷикистон ва адабиёти тоҷикро дар сатҳи байналмилаллӣ муаррифӣ намуд.

Намунаи ашъори Абдуқаҳҳори Қосим бо се забони дунё – русӣ англисӣ ва олмонӣ дар маҷмўаи (антологияи) нависандагони муосири Авруосиё-2019 ворид гардида, рўи чоп оварда шуд.

Абдуқаҳҳори Қосим- ҷоизадори медали нуқраи ҷашнвораи "Лиффт" мебошад.

Лентаи хабарҳо
0