Дар Душанбе боз беҳтарин филмҳои фаронсавӣ намоиш дода мешаванд

CC0 / Pxhere / Зрители в кинотеатре
Зрители в кинотеатре - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо ташаббуси сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва Маркази фарҳангии “Бохтар” дар шаҳри Душанбе ҷашвораи дуюми Кинои Фаронса баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи “Фараж” дар пойтахти Тоҷикистон аз 29-уми октябр то 2-юми ноябри соли равон ҷашвораи дуюми Кинои Фаронса баргузор хоҳад шуд.

Ночь Идей в посольстве Франции в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Нахустин “Шаби афкор” дар сафорати Фаронса

Тавре манбаъ хабар додааст, даромад барои тамошои филмҳо комилан ройгон аст ва шоми ҳар рӯз дар давоми баргузории ҷашнвора аз соати 17:30 иштирокчиёни Фестивал метавонанд аз филмҳои бою рангини бадеӣ, тасвирӣ, драммавию мазҳакавии коргардонҳои фаронсавӣ лаззат баранд.

Ҳама филмҳо дар доираи Фестивал бо забони фаронсавӣ ё тоҷикӣ бо субтитри русӣ намоиш дода мешаванд.

Қайд шудааст, ки сафорати Фаронса дар Душанбе ба киностудияи “Тоҷикфилм” ва маркази фарҳангии “Бохтар” барои дастгирӣ дар баргузории Фестивал изҳори миннатдорӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон ахиран синамобазми байналмилалии "Дидор" анҷом ёфт. Дар он 57 филми мустанад ба намоиш гузошта шуда буд. Аз ҷумла, 15 филми байналмилалии озмунӣ, 8 филми озмунии тоҷикӣ, 11 филми ғайриозмунии байналмилалӣ ва тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар фестивал филмҳои мустанади киноофарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Озарбойҷон, Русия, Афғонистон, Британияи Кабир, Олмон, Ҳолландия, Эрон, Исроил, Амрико, Фаронса, Чехия ва ғайра иштирок карданд.

Лентаи хабарҳо
0