15:49 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Министр культуры Таджикистана Шамсидди Орумбекзода

Шамсиддин Орумбекзодаро ба Урупо даъват карданд

Международный пресс-клуб
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
1308 0 0

Вазири фарҳанги Тоҷикистон баҳри ширкат дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2020, ки дар қораи Урупо дар шаҳри Брюссели Белгия баргузор мешавад, даъват шуд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Имрӯз, 25 октябр, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Урупо дар Тоҷикистон хонум Мэрлин Йосефсон дидору мулоқот кардааст.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Урупоро дар соҳаи фарҳанг баррасӣ кардаанд.

Меҳмони фахрӣ: иштироки Орумбекзода ва ҳунармандони тоҷик дар фестивали Узбакистон

Аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар кишварро иқдоми саривақтӣ шуморида, зимни он густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мавриди эътимоми тарафайн таъкид доштаанд.

"Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи баргузории Ҳафтаи фарҳангии Иттиҳоди Урупо дар Тоҷикистон, ки моҳи декабри соли 2019, ки дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ кардаанд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон Мэрлин Йосефсон аз вазири фарҳанги кишвар баҳри ширкат дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2020, ки дар қораи Урупо дар шаҳри Брюссели Ҷумҳурии Белгия баргузории он дар назар аст, самимона даъват ба амал овардааст.

Сипосгузории мақомдори баландпояи ИДМ аз Шамсиддин Орумбекзода барои меҳмоннавозӣ

Манбаъ афзуда, ки дар интиҳои вохӯрӣ вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ба роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Урупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мэрлин Йосефсон мусаввараи кундал тақдим намудааст.

Барчаспҳо:
даъват, Урупо, Шамсиддин Орумбекзода

Мавзӯъҳои асосӣ