15:41 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Мраморный бюст, который раньше был на надгробье в парке Садриддина Айни, архивное фото

Осори комили Садриддин Айнӣ дар Тоҷикистон мунташир мешавад

© Sputnik / Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
7810

Масъулони фарҳангистони улуми Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки осори Садриддин Айнӣро мунташир кунанд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар даврони Шӯравӣ мебоист осори Садриддин Айнӣ дар 15 ҷилд мунташир мешуд, вале ин тарҳ иҷро нашудаст, хабар медиҳад хабаргузории Ховар аз қавли Абдулхолиқ Набавӣ масъули Фарҳангистони улуми Тоҷикистон.

Манбаъ аз Набавӣ  хабар медиҳад, ки  фақат 13 ҷилд мунташир шуд, ки ба далели мулоҳизоти сиёсӣ бахшҳое аз навиштаҳои Айнӣ ҳазф шуд.

 Зимнан Абдулхолиқ Набавӣ афзудааст, ки ҳатто китоби хотироти устод Садриддин Айнӣ дар 4 ҷилд мунташир шуд, ки ҳодисаҳои марбут ба Бухоро то қарни 20 - ро шомил мешуд,  вале бақияи таҳавулоти даврони Шӯравӣ ба далели мухталиф ба чоп нарасид.

"Аз ин рӯ,  зарурати  интишори комили осори  Садриддин Айнӣ вуҷуд дорад, ки кормандони ин пажуҳишгоҳ машғули омодасозии китобҳои ин нависандаи саршинос ҳастанд", - илова намудааст Набавӣ.

Осори Садриддин Айнӣ шомили мавзуоти таърихӣ, сиёсӣ,  адабӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки ҳамагӣ ба хати форсӣ навишта шудааст.

Аз осори ин нависандаи тоҷик китобҳои Ёддоштҳо , Таърихи инқилоби фикрии Бухоро ва намунаи Адабиёти тоҷик дар ҷумҳурии исломии Эрон мунташир шудааст.

Нашри ҷилди аввали осори пурраи Садриддин Айнӣ

Аз Садриддин Айнӣ ба унвони бунёнгузори адабиёти навини Тоҷикистон дар қарни бистум ҳам ном бурда мешавад.

Барчаспҳо:
нашр, Садриддин Айнӣ, осор

Мавзӯъҳои асосӣ