01:57 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото

Мавлуди Аълоҳазрат Оқохони IV дар Маскав бошукӯҳ ва дар шакли муосир таҷлил мешавад

© AP / John Amis
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
25010

Барои таҷлили 83-юмин солгарди мавлуди Аълоҳазрат Оқохони IV ба Маскв беҳтарин сарояндагони Тоҷикистон меоянд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ба муносибати 83-юмин солгарди мавлуди пешвои исмоилиёни ҷаҳон Аълоҳазрат Оқохони IV, дар Маскав бо ибтикори созмони ҷамъиятии "Нур" барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ таҳти унвони "Хушҳолӣ муборак" баргузор мешавад.

Дар ин бора раиси созмони "Нур" Карамшо Мамаднасимов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфти ӯ таҷлили Рӯзи мавлуди Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ рӯзи 22 декабр дар назар дошта шудааст. Сабаби ба таъхир афтидани таҷлили мавлудро Мамаднасимов ба банд будани толорҳо ва муносиб набудани толорҳои холӣ ба шакли нави баргузории барнома, рабт дод.

"Мо имсол дар нақша дорем барномаро дар формати нав ташкил кунем - яъне дар шакли Open Space - муҳити озод. Он натанҳо аз консерт балки аз намоиши аксу нигораҳо, таомҳои миллӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва дар ҷамъбаст аз шоу-барномаи консертӣ бо ширкати ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон иборат хоҳад буд. Чун на ҳар толори консертӣ ба шакли нави баргузории барномаи мо муносиб буд, мо барномаамонро каме бо таъхир гузоштем", - гуфт Мамаднасимов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Барои таҷлили 83-юмин солгарди мавлуди Аълоҳазрат Оқохони IV ба Маскв беҳтарин сарояндагони Тоҷикистон меоянд: Хайём Хайёлбеков, Соҳиба Давлатшоева, Гурӯҳи "ШАМС", Фирӯз Паллаев, Ақназар Аловатов, Замири Тиллозод ва Парвиноз Ақназарова.

Барномаи фарҳангӣ аз соати 14: 00 оғоз шуда то соати 21:00 давом хоҳад кард. Макони баргузории барнома - шаҳри Маскав, кӯчаи Шарикоподшипниковская 13, аренаи “Main Stage” мебошад.

Паёми алмосии Оқохони IV: Аз вазифаи имом то баракати иртибот ва беҳтарин садақа...

Ногуфта намонад, ки 80-умин солгарди пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ низ дар Маскав соли 2016 бо консерти бошукӯҳи "Хушҳолӣ муборак" таҷлил шуда буд. Дар он овозхонони маъруф - Самандар Пӯлодов, Мадина Ақназарова, Ақназар Аловатов, гурӯҳи "Шамс", гурӯҳи "Зафар", Мутриб Шоискандаров, гурӯҳи рақсии "Нур" ва Далер Назаров ширкату ҳунарнамоӣ карда буданд.

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария ба дунё омадааст. Ин торихро исмоилиёни ҷаҳон чун рӯзи “Мавлуд” ҷашн мегиранд.

Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ ва тарҳҳои Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Тоҷикистон

Ҳамакнун дар саросари ҷаҳон камобеш 20 милюн кас пайрави маҳзаби шиъаи имомии исмоилӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин Амрико, Канада, Бритониё ва Фаронса зиндагӣ ба сар мебаранд. Яке аз бузургтарин ҷамоътҳои исмоилиён дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сар мебарад.

Аълоҳазрат Шоҳ Карим донишомӯхтаи донишкадаи торихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари "Шабакаи тавсеъаи Оқохон" (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони Севум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

Мавзуъ

“Хушҳолӣ муборак”-дар Маскав бахшида ба мавлуди Оқохони IV консерт баргузор гардид
Барчаспҳо:
Оқохони IV, таҷлил, Рӯзи мавлуд, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ