13:56 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Национальный музей Таджикистана, архивное фото

Маркази фарҳангии Маҳатма Гандӣ дар Осорхонаи миллӣ

© Фото: Wikipedia
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
33 0 0

Лентаи рамзии ифтитоҳи маркази фарҳангии Маҳатма Гандӣ дар Осорхонаи миллӣ аз ҷониби вазири фарҳанги Тоҷикистон ва сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон бурида шуди

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, имрӯз дар Осорхонаи миллӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Маркази фарҳангӣ ба муносибати 150 - солагии Маҳатма Гандӣ баргузор гирдид.

Махатма Ганди
Махатма Ганди

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх дар вазъи тантанавӣ лентаи рамзиро бурида, ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар чорабинӣ намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, ташкилотҳо, мақомоту идораҳо ва дӯстдорони фарҳангу ҳунари ҳинд иштирок намуданд.

Вазири фарҳанг дар бораи Маҳатма Гандӣ, ки ӯро падари миллати Ҳиндустон меноманд, инчунин муносибатҳои неки фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон, ки сол то сол рушд меёбанд, ҳарф зад.

“Маҳатма Гандӣ як шахсияти машҳур ва бузурги ҷаҳон, сиёсатмадор аст, ки ҳам дар тӯли ҳаёташ ва ҳам пас аз маргаш ба туфайли асарҳои навиштааш ба сиёсатмадорони муосир таъсири мусбат мерасонад. Ҳиндустон аз зумраи давлатҳои бузурги ҷаҳон аст, ки баҳри рушди маънавӣ, ғанӣ гардидани ганҷинаи тамаддуни башарият хизмати арзанда кардааст”, иброз дошт Шамсиддин Орумбекзода.

Сипас Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх низ оид ба нақши Маҳатма Гандӣ дар дирӯзу имрӯзи Ҳиндустон ҳарф зад.

Дар фарҷоми маросими ҷашнӣ, манзури ҳозирин тамошои намоише вогузоштанд, ки рӯзгори Маҳатма Гандӣ ва зиндагии мардуми ҳиндро дар тӯли таърих инъикос мекард.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, осорхона, фарҳанг, марказ

Мавзӯъҳои асосӣ