07:30 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Памятник автору эпической поэмы Шахнаме торжественно открыли в СОГУ

Дар Осетия пайкараи Абулқосими Фирдавсӣ гузошта шуд

Информационный портал РСО-Алания
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
233 0 0

Дар Донишгоҳи давлатии Осетияи Шимолии ба номи К. Л. Хетагуров нимпайкараи шоири форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар Донишгоҳи давлатии Осетияи Шимолӣ ба номи К. Л. Хетагуров маросими ифтитоҳи нимпайкараи шоири форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳи муҷассама намояндагони ҳукумат, устодон ва раҳбарияту донишҷӯёни Донишгоҳ ширкат карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Донишгоҳ.

Тандисро муовини раиси ҳукумати Осетияи Шимолӣ Борис Ҷоноев, сафири Эрон дар Русия Меҳди Саноӣ, президенти донишгоҳ Ахурбек Муҳаммадов ва ректори Донишгоҳ Алан Оғоев кушоданд.

Ҷоноев сафирро аз номи ҳукумат хушомадед гуфта, изҳори умедворӣ кард, ки дидори навбатӣ дар Эрон барпо мешавад.

"Имрӯз мо мувофиқи созишнома дар ҳудуди Донишгоҳи давлатии Осетияи Шимолӣ тандиси шоири шаҳир Фирдавсиро ифтитоҳ мекунем. Умедворем, ки навбати оянда мо дар Эрон тандиси шоирамон, асосгузори адабиёти осетинӣ Коста Хетагуровро ифтитоҳ хоҳем кард. Бо шарофати чунин рухдодҳои таърихӣ муносиботи Осетияи Шимолӣ ва Эрон бештар тақвият меёбанд. Ин барои ҳамаи мо муҳим аст!", - гуфт Борис Ҷоноев.

Ба гуфти сафир, дар доираи муносиботи Русия ва Эрон ҳамкорӣ бо Осетияи Шимолӣ бисёр муҳим аст.

Памятник автору эпической поэмы Шахнаме торжественно открыли в СОГУ
Памятник автору эпической поэмы "Шахнаме" торжественно открыли в СОГУ

"Моро решаи ягона пайванд месозад. Таърихан мо Осетияро дӯст медорем ва ҳамеша бо шавқи зиёд барои ҷумҳурии шумо фаъолият мебарем. Ҳамаи ҳамкориҳо чӣ дар соҳаи иқтисод ва чӣ маориф - ҳамааш аз дӯстии Русия ва Эрон дарак медиҳад. Фирдавсӣ натанҳо шоири эрониҳо, балки рамзи муҳаббат ба Ватан, мебошад" , - илова кард Меҳдӣ Саноӣ.

Муносиботи миёни Донишгоҳи давлатии Осетияи Шимолӣ ва Эрон таъихи дароз дорад ва 20 сол боз, ҷонибҳо ҳамкорӣ мекунанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҳозирин бар пояи шимпайкараи шоири шаҳир Абулқосим Фирдавсӣ гулҳо гузоштанд.

Мавзӯъҳои асосӣ