01:52 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Кинопленка, архивное фото

Филми "Дӯғоб"-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи Бишкек намоиш дода мешавад

CC0 / Pixabay
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
32 0 0

Ин сеюмин ҷашнвораест, ки филми кӯтоҳи "Дӯғоб"-и коргардони тоҷик Зайнулобиддин Мӯсо баъди кинофестивалҳои "Само" ва "Лолаи тиллоӣ" дар он ширкат мекунад

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Филми кӯтоҳи "Дӯғоб"-и коргардон Зайнулобиддин Мӯсо дар Ҷашнвораи синамои "Қирғизистон-мамлакати филмҳои кӯтоҳ"  иштирок менамояд. 

Дар ин бора аз Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" хабар доданд.

Бақо Содиқ бо намоишномаи нав ба Тоҷикистон меояд

Гуфта мешавад, ки дар ҷашнвораи мазкур миёни 14 асар Тоҷикистонро филми "Дӯғоб" намояндагӣ мекунад.

Ҳар сол аз 12 то 15 декабр Ҷашнвораи  "Қирғизистон- мамлакати  филмҳои кӯтоҳ" синамочиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Балтика ва Гурҷистонро дар шаҳри Бишкек- пойтахти Қирғизистон ба ҳам меорад.

Ҷашнвораи мазкур ҳамасола ба поси хотири нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов бахшида мешавад.

Анҷоми нахустин сафари "Суғдсинамо" ба Маскав - навор

Ин сеюмин ҷашнвораест, ки филми кӯтоҳи "Дӯғоб"-и коргардони тоҷик Зайнулобиддин Мӯсо баъди кинофестивалҳои "Само" ва "Лолаи тиллоӣ" дар он ширкат мекунад.

Барчаспҳо:
коргардон, филм, Тоҷикистон, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ