02:12 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Таджикская модель Сафина Гаибова

Зебодухти тоҷик ба Миср меравад ва Тоҷикистонро дар озмуни бонуфузи зебоӣ муаррифӣ мекунад

© из личного архива Сафины Гаибовой
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
54211

Сафина Ғоибова модели тоҷик Тоҷикистонро дар озмуни бонуфузи байналмилалии "Miss Intercontinental" муаррифӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Зебодухти тоҷик дар миёни 90 зебосанамаи кишварҳои дунё иштирок ва Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Дар озмуне, ки Сафина ширкат меварзад  аз 5 то 22-юми декабр дар Миср баргузор мегардад.

Ӯ дар сафҳаи Instagram - и худ хабари ширкат намудан дар ин озмуни ҷаҳонии зебоиро нашр намуда, афзудаст, ки "ин яке аз воқеаи бузург дар ҳаёташ мебошад".

“Имрӯз мехоҳам ба Шумо оиди яке аз воқеаҳои бузурги ҳаёти худ бигӯям. Хеле вақт шуда буд, ки оиди касби моделии худ ба Шумо маълумоте надода будам, акнун мехоҳам бигӯям, ки Тоҷикистонро дар озмуни бонуфузи байналмилалии “Miss Intercontinental” муаррифӣ менамоям. То ин вақт ба он хотир нагуфтам, ки ҳамааш дар охирин лаҳза маълум шуд”, – навиштааст ӯ дар саҳифаи инстаграми худ.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Сафина дар озмуни моделҳои беҳтарини Иттиҳоди давлатҳои мустақил (” Топ-модель СНГ”) сазовори ҷои дуввум гардида буд.

Таджикская модель Сафина Гаибова
© из личного архива Сафины Гаибовой
Таджикская модель Сафина Гаибова
Барчаспҳо:
Миср, озмуни зебоӣ, Тоҷикистон, зебосанам

Мавзӯъҳои асосӣ