12:14 23 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
461 0 0

"Тарма" аз мушкилоти асосии равонии инсон - тарс нақл мекунад. Нахустнамоиши Арбоби Ҳунари Узбакистон профессор Олимҷон Салимов мардуми Душанберо ба ваҷд овард

ДУШАНБЕ, 6 дек - Sputnik. Шоми 5 декабри соли 2019 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов нахустнамоиши "Тарма" баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, барои тамошои нахустнамоиш аҳли санат ва ҳунар, намояндагони ҳукумат, вазоратҳо, муассисаиҳои олии таълимӣ, васоити ахбори омма ва мухлисони санъати театрӣ ҷамъ омада буданд.

"Тарма" ба қалами драматурги турк Турҷен Ҷуҷеноғлу тааллуқ дошта, ба 25 забони гуногун тарҷума ва дар 40 театрҳои машҳури дунё ба саҳна гузошта шудааст. Ба замони тоҷикӣ асарро тарҷумони шинохтаи тоҷик Абдуҷаббори Абдуғаффор баргардонидааст.

Намоишро саркоргардони Театри драмаи шаҳри Тошканд, Арбоби Ҳунари Узбакистон профессор Олимҷон Салимов, ки тӯли чанд вақт бо сафари хизматӣ дар Тоҷикистон ҳузур дошт, рӯи саҳна овардааст.

"Тарма" аз мушкилоти асосии равонии инсон - тарс нақл мекунад. Пйеса порчаеро аз зиндагии як оилаи бузург ва дар мисоли он мушкилоти як маҳал, ки тамоми фасли сармо бо тарси фаромадани тарма аз ҳар гуна овози баланд худдорӣ мекарданд, инъикос кардааст.

Садои баланд мисли тирпарронӣ, гиря ва ханда тибқи қонуну қоида манъ гардида буд. Дар ин маҳал ҳатто зан ҳуқуқ надошт, ки дар фасли сармо таваллуд кунад. Бо тарси фаромадани тарма аз нолаи зан вақти таваллуд ва гиряи тифли навзод ӯро зинда гӯр мекарданд.

Нақшҳои асосиро дар намоиш Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова, Гулсара Абдуллоева, Тағоймурод Розиқов, Назирмад Мӯсоев ва дигарон ба таври хеле олӣ иҷро кардаанд.

Баъди анҷоми намоиш аҳли толор аз ҷо бархоста, то дер гоҳ ба ифтихори аҳли ҳунар бо нидоҳои "Офарин" ва “Аҳсан” каф заданд.

Сипас ба профессор Олимҷон Салимов аҳли ҳунари Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи хотиравӣ ва гулбуни зебо тақдим намуданд.

Олимҷон Саидов дар доираи театрии тоҷик ва ҳаводорони ин намуди санъат маҳбубияти хос дошта, дар солҳои қаблӣ низ якчанд намоишҳоро манзури тамошобинони тоҷик гардонидааст.

Аз ҷумла намоиши асари Ибрҳим Содиқов “Панҷ зани Хоҷа Насриддин” (нахустнамоиш 21 ноябри соли 2006 дар Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский), намоиши асари Жан Батист Молйер “Тартюф” (нахустнамоиш 1 майи соли 2013 дар Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский ) ва намоиши асари Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ “Моҷарои як саёҳат” (нахустнамоиш 14 майи соли 2019 дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд) мисоли гуфтаҳои боло шуда метавонанд.

Барчаспҳо:
намоишнома, Душанбе, навзод

Мавзӯъҳои асосӣ