09:48 29 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.65
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
131 0 0

Дар шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии "Истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон" ҷамъбаст гардид

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар муассисаи давлатии "Кохи фарҳангии Суғдиён" бо ширкати муовини раиси шаҳри Хуҷанд Аюбҷон Раҳматзода, мудирони шуъбаю бахшҳо ва ҳунармандон озмуни шаҳрии "Истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон" баргузор ва ғолибон муайян гардиданд.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд, дар озмун беш аз 20 нафар довталабон маҳсулоти дастии худро, аз қабили армуғонҳо, кордҳо, маҳсулоти мӯҳрабофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ ва рассомӣ ба маърази намоиш гузоштанд.

Ҳайати ҳакамон баъди боздид ба ҳунармандон баҳогузорӣ карда озмунро ҷамъбаст намуданд.

"Ҳамин тавр, ҷои якум ба ҳунарманд Мавҷуда Ҳакимова, мақоми дуюм ба ҳунарманд Матлуба Ниёзова ва зинаи сеюм ба рассом Холиқ Давлатов дода шуда, эшон мутаносибан бо дипломи дараҷаҳои 1,2,3 ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардидааст, ки мақомоти шаҳри Хуҷанд минбаъд низ барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва таҳкими инфрасохтори он аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад бурд.

Манбаъ афзудааст, ки озмуни мазкур ҷиҳати таъмини иҷрои иқдоми Президент ҷиҳати эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва қарори раиси вилояти Суғд аз 15 феврали соли 2019, №72, қарори Раиси шаҳр аз 06 майи соли 2019, №328 "Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрӣ дар байни ҳунармандон оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон" рӯйи кор омадааст.

Барчаспҳо:
ғолибон, озмун, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ