"Хазонаи ғайб": ранҷу азоби тарҷумони яҳудии “Девон” – и Ҳофиз дар Исроил

© акс аз сафҳаи фейсбукии тарҷумонТарҷумони яҳудии "Девон" - и Ҳофиз
Тарҷумони яҳудии Девон - и Ҳофиз - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чопи ғазалиёташ ба забони ибрӣ бори аввал ва дар Исроил - кишвари ҳамсояи Эрон анҷом шуд, ки аслан робитаи сиёсӣ надоранд. Тарҷумони яҳудии эрониюласл ранҷи зиёде кашид, то ин ганҷро манзури исроилиён кунад

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Санаи 17 декабр дар Қасри Эшколи донишгоҳи шаҳри Ҳайфои Исроил рӯнамоии “Девони ғазал” - и Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд. “Лисонулғайб” ҳанӯз дар зиндагиаш роҳ ба дилҳои ҷаҳониён ёфта буд.

© акс аз сафҳаи фейсбукии таҷумонДаъватномаи рӯинамои "Девон"-и Ҳофиз
Хазонаи ғайб: ранҷу азоби тарҷумони яҳудии “Девон” – и Ҳофиз дар Исроил - Sputnik Тоҷикистон
Даъватномаи рӯинамои "Девон"-и Ҳофиз

Чопи ғазалиёташ ба забони ибрӣ бори аввал ва дар Исроил - кишвари ҳамсояи Эрон анҷом шуд, ки аслан робитаи сиёсӣ надоранд. Тарҷумони яҳудии эрониюласл ранҷи зиёде кашид, то ин ганҷро манзури исроилиён кунад.
“Девон” – и Ҳофиз ҳафтумин шоҳкори “Силсилаи фарҳанги Эрон”, ки аз сӯи Маркази Азрӣ барои мутолаоти Эрону Халиҷи Форс (The Ezri Center for Iran & Persian Gulf Studies) - и Донишгоҳи Ҳайфо ва интишороти “Катов” ба нашр расид.

Тайи 7 соли ахир ин Марказ ҳафт шоҳкори адабиёти форсу тоҷик, назири “Маснавии Маънавӣ” ва “Бӯстон” – у “Гулистон” – и Саъдиро манзури мардуми Исроил кардааст ва ин силсила аз сӯи доктор Соли Шаҳвор, узви ҳайати илмии Маркази Азрӣ виросторӣ шудааст. Ҳадафи “Силсилаи фарҳанги Эрон” – ро доктор Шаҳвор шиносондани фарҳанги ғании Эрон ба мардуми Исроил хондааст.

Дар бораи Соли Шаҳвор, ки таҳқиқоти густардае дар бораи Эрон, аз ҷумла баҳоиёни ин кишвар кардааст, маълумоти кофӣ дар дастрас нест, аммо шахсияти мутарҷими “Девон” – и Ҳофиз – Раҳмон Ҳайим хеле ҷолиб аст.
Раҳмон Ҳайим, доктори улуми маводшиносӣ, узви Ҷамоаи кошинкории Амрико, Ҷамъияти микроскопияи Исроил устоди маводшиносии Донишгоҳи Техниони Ҳайфо аст. Ӯ дар посух ба суоли “Ман кистам?” гуфтааст, ки соли 1953 дар шаҳри Исфаҳони Эрон зода шуда, мактаби ибтидоиву миёнаро низ он ҷо хатм кардааст, то ин ки дар синни 15 – солагӣ ҳиҷрат кард. Ӯ дар донишгоҳҳои Бен Гурион ва Техниони Исроил таҳсилоти олиро анҷом додааст.

“Ман мусиқии форсиву ғарбиро дӯст медорам, бахусус Бах ба дилам наздик аст. Аз ин хотир, бори тарҷумаи шеъри шоирони форсиро, ки муҳаббати эшон ба инсону табиату озодиро бозгӯӣ ва аз дилҳои дардманд, мотаму шодӣ, андешаву ғами ёр қисса мекунад, бар дӯш гирифтам. Ин шеър инсонро ба дарки худу дигарон, ҳисси муҳити атроф ва ислоҳи ҷаҳон такон медиҳад”, - менависад Раҳмон Ҳайим.

Ӯ тайи 5 сол шаш “дурдонаи шеъри порсӣ”, аз ҷумла “Гулистон” ва “Бӯстон” – и Саъдии Шерозӣ, “Маснавии Маънавӣ” – и Ҷалолуддини Румӣ ва дигаронро ба забони ибрӣ тарҷума кард.

Се китобро Маркази Азрии Донишгоҳи Ҳайфо дар чаҳорчӯби “Силсилаи фарҳанги Эрон” ба нашр расонд. Бақия тариқи интернет барои хоҳишмандон ройгон пешниҳод шуданд.

“Ман ин ҳамаро бо боварӣ ба баробарии одамон мекунам, то халои баҳамоии фарҳангҳои Шарқу Ғарб дар Исроил пур шавад. Ман инро бо дарки он мекунам, ки ҳамгироии фарҳанги форсӣ чун ҷузъи фарҳанги Шарқ бо фарҳанги ин сарзамин ба вуҷуд ояд, то ба беҳбуди чашмраси зиндагии мо, дарки бештари ҳамсоягон ва атрофиёни мо, ҳамчунин навшавии арзишҳои инсонӣ мусоидат кунад”, - менависад Раҳмон Ҳайим.

Мавсуф сари тарҷумаи “Девон” – и Ҳофиз се сол кор карда, моҳи апрели соли равон ба анҷом расонд. Як китоби иборат аз 580 сафҳа, ба шумули 495 ғазали “Лисонулғайб”, ки аз 7 до 14 мисраъ ҳаҷм доранд, омода шуд. Дар китоб пешгуфтори мутарҷим, шарҳи ҳоли Ҳофиз ва шарҳҳое барои фаҳмидани маонии ғазалҳо, ба ин манзур, ки агар зоҳиран ошиқона ба назар мерасанд, дар асл маонии жарфи фалсафӣ доранд, низ ҷой дода шудаанд.
Раҳмон Ҳайим барои пайдо кардани харҷи чопи “Девон” – и “Лисонулғайб” аз шеваи бесобиқае кор гирифт. Моҳи май ӯ як тарҳи сармоягузории тудаӣ ё краудфандинро ба роҳ андохт. Ӯ дар сомонаи тарҳҳои ибтидоии “Headstart” – и Исроил сафҳаеро таҳти унвони “Тарҳи Ҳофиз” боз намуд.

Барои таблиғи ин тарҳ ба сафҳаи Фейсбуки худ баргашт. Ӯ охирин паёмашро дар ин сафҳа чаҳор сол пеш гузошта буд.

Нахуст ӯ аз дӯстони фейсбукии худ даъват кард, ки дар нашри “Девон” – и Ҳофиз саҳм гиранд. Он чӣ аз онҳо хоста мешуд, ин буд, ки 100 шекели нави исроилӣ (ҳудуди 280 сомонӣ ё 30 доллар) маблағгузорӣ кунанд, ки муодили харҷи як нусха ва ба маънии фурӯши қаблии он аст.

Доктор Ҳайим пули таҳрир ва чопи 200 нусхаи “Девон” – и Ҳофизро кор дошт. Аз аввалин паёми ӯ (12 май) дида мешавад, ки ин профессори 66 – солаи исроилӣ ранҷи зиёде кашид, то ба мухотабони худ бирасонад, ки Ҳофиз кист ва чаро бояд китоби ӯ дар Исроил нашр шавад, он ҳам дар замоне, ки миёни Эрону Исроил на фақат равобити сиёсӣ нест, балки як ҷанги тамомайёри равониву минтақаӣ дар ҷараён аст.

Ӯ худ пеши дурбини телефони мобилӣ нишаста, тарҷумаҳои ибрии ғазалҳояшро қироат ва тафсир мекунад.

Дар паёме навишт, ки ғазалҳои Ҳофизро худи Иоҳан Волфҳанг Гёте ҳанӯз асри 19 тарҷума кардаву ба илҳом аз онҳо “Девони Шарқиву Ғарбӣ” – ашро навиштааст. Вай менависад, марду зани эронӣ вақте аз мушкилот ба бунбасти зиндагӣ меафтанд, аз девони Ҳофиз фол мекушоянд ва раҳнамоӣ мегиранд.

“Девон” – и Ҳофизро ин олими маводшинос “як равоншиноси шахсӣ” унвон мекунад, аммо менависад:
“Албатта, агар марди илм ҳастед, медонед, ки пешгӯии оянда аз сӯи фолбинҳо як шӯхӣ аст. Аммо он чӣ як ғазали сафҳа мекунад, ин аст, ки мағзи инсонро аз фикрҳои дигар дур мебарад ва марду зан барои дарки маънии шеър метавонанд барои худ ин нерӯро кашф кунанд, ки бо мушкили худ чӣ кунанд”, - менависад мутарҷим.

Аз паёмҳои доктор Ҳайим бармеояд, ки моҳи май ва ду даҳаи июл кори ҷалби харидору сармоя барои чопи “Девон” – и Ҳофиз ба кундӣ пеш меравад. Ӯ ба ин андеша, ки паёмҳои ӯро то охир намехонанд, аз мардум ҳатто илтимос мекунад, ки сабр кунанд ва онро то охир хонанд, чун муҳим аст ва вақташонро зиёд намегирад.

“Ман талош дорам фарҳанги Шарқро дар Исроил тарғиб кунам... Ин китоби Ҳофиз шоҳкори адабиёти форсӣ аст ва муҳим хоҳад буд, исроилиён тариқи сармоягузории мардумӣ дар иттиҳоди фарҳангҳои Шарқу Ғарб дар Исроил худ саҳм гиранд. Дар ин сармоягузории ҷамъӣ хеле зарур аст, ки 200 китоб ба фурӯш равад, то харҷи чоп, таҳрири забонӣ, сафҳабандӣ ва ҳаққи сомонаи тарғиби тарҳ пардохт шавад. Ман ягон манфиати молӣ надорам, - менависад Раҳмон Ҳайим ва ҳушдор медиҳад: - Тарҳ барҳам мехӯрад, агар 200 китоб фурӯхта нашавад. Ин қоидаи сомона аст. Агар китоби 200 – ум фурӯхта нашавад, тарҳ ноком эълон мешавад”.

Тарҷумони яҳудӣ ба хотири ҷалби муштариён чандин ғазали Ҳофизро ба забони ибрӣ дар сафҳааш кошт ва ҳам пеши дурбини телефони мобилӣ истодану қироати ғазалро канда накард. Аз паёмҳои ӯ дар Фейсбук бармеояд, ки ӯ таҳти фишорҳои берунӣ низ қарор гирифтааст, аммо ба онҳо бо ҳикматҳои “Тора” – ву “Маснавӣ” – и Мавлавӣ посух додааст.

Раҳмон Ҳайим дар ниҳоят муваффақ шуд, ки пули кофиро ҷамъ кунад. Тайи се моҳи часпу талошҳо теъдоди муштариёни ӯ аз 26 ба 350 нафар расиданд ва як ҳафта пеш аз ҷамъбасти тарҳ дар сомонаи “Headstart” ӯ (16 август) эълон дошт, ки буҷаи чопи китоб пурра шудааст (тибқи иттилои ин расона, тарҳ 102% иҷро шуда, ба ҷои 20 ҳазор шекел 20 ҳазору 320 (ҳудуди 7 ҳазор доллар) ҷамъ шудааст).

24 ноябр Раҳмон Ҳайим дар сафҳаи Фейсбуки худ навишт: “Дар акс хушбахтии маро аз чопи ин китоб мебинед. Сипос аз дастгирӣ ва расонаӣ кардани иттилоъ дар ҷомиаи Исроил. Шуморо 10 декабр ба рӯнамоии он дар Донишгоҳи Ҳайфо даъват мекунам. Даромад озод аст”...

Ҳофизи Шерозӣ ҳанӯз дар замони зиндагӣ ба шӯҳрати ҷаҳонӣ расида буд. Шоҳи Салтанати Деҳлӣ (1206-1526) ӯро ба Бангола хонд, Ҳофиз нарафт, аммо ин байтро гуфт:
Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,
З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.

Дар олами ислом ҳама ӯро медонистанд. Аввалин девони ӯ дар се қисм ҳанӯз асри 15 дар Туркия ба нашр расида буд. Пас аз асри 17 ғазалҳои Ҳофиз дар Инглистон, Олмон, Фаронса ва Русия низ ба чоп расиданд. То ба ҳол ба қариб 100 забони дунё ғазалҳои ӯ тарҷума шудаанд.

Рӯнамоии аввалини “Девон” – и Ҳофиз ба забони ибрӣ бо ширкати ҳудуди 100 эронтаборон, яҳудиён, аъроб ва аҳли илми шаҳри Ҳайфои Исроил баргузор шуд.

Аммо ин танҳо рӯнамоии “Девон” – и Ҳофиз дар Исроил нахоҳад буд. Бино ба иттилои Раҳмон Ҳайим, пас аз Ҳайфо рӯнамоиҳо дар Донишгоҳи Тел-Авив (7 январи 2020), Донишгоҳи яҳудии Байтулмуқаддас (22 январи соли 2020) ва Донишгоҳи Бен Гурион дар Негева (таърихаш номаълум) баргузор хоҳанд шуд.

Аммо дар замоне, ки Эрону Исроил қариб 40 сол ба ин сӯ дар сиёсатҳои минтақаӣ рақибони сарсахт ба шумор меоянд ва ҳеҷ сари оштӣ надоранд, “қанди порсӣ” – и Ҳофиз то куҷо “шаккаршикан” мешавад, як суол аст. Аммо муҳимтар ин аст, ки “Девон” – и “Лисонулғайб” бо сармоягузории худи мардуми Исроил ё “хазонаи ғайб” ба нашр расид.

Лентаи хабарҳо
0