Шабнами Сурайё ба Эмомалӣ: "мо бо шумо ифтихор дорем, Рустами достон аз китоби шоҳон"

Обуна шудан
Шабнами Сурайё сарояндаи саршиноси тоҷик мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро бо рӯзи таваллудаш табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Шабнами Сурайё ситораи эстрадаи тоҷик дар саҳифааш дар Instagram мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро бо зодрӯзаш табрик карда ӯро "Рустами достон аз китоби шоҳон" хондааст.

"Милодруз бар сиёсатмадори ҷавон, фарзанди баруманди Ватан, раиси пойтахти тоҷикон-шаҳри Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ бо фараҳмандиву эҳтироми баланд самимона таҳният мегуям. Сипосу ҳамд барои ҳама заҳматҳои бешумор дар роҳи ободонӣ ва замонавиву назаррабо сохтани пойтахти азизамон. Бароятон сиҳатмандӣ, нерӯи пайваста дар вазифаи шарафманду нақшаҳои бузургатон хоҳонам. Мо бо Шумо ифтихор дорем Рустами достон аз китоби шоҳон! Поянда бошед, фарзанди фарзонаи миллати тоҷдор!", - навиштааст Шабнам.

Ёдрас мешавем, ки Рустами Эмомалӣ, мири шаҳри Душанбе ва писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 19 декабр, 32 сола шуд.

Неделя моды в Душанбе. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шабнами Сурайё бемор шудааст: расонаҳо

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар рӯзи 19-уми декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.

Рустами Эмомалӣ дорои маълумоти олӣ буда, соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоддон ва ҳамчунин соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Рустами Эмомалӣ аз бурду бохти фаъолияти худ ба ҳайси раиси шаҳр ҳисобот медиҳад

Рустами Эмомалӣ фаъолияти меҳнатиашро сар аз соли 2006 ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 2009-2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Рустами Эмомалӣ мири шаҳри Душанбе 32 сола шуд

То замони раиси шаҳри Душанбе таъин шуданаш Рустами Эмомалӣ дар як қатор вазифаҳо дар сохторҳои давлатӣ фаъолият кардааст.

 

Лентаи хабарҳо
0