10:24 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
39510

Манижа Сангин сарояндаи машҳури тоҷик дар Русия мегӯяд, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд қадру қиммати худро донанд. Танҳо дар ин сурат ҷомеа онҳоро хуш қабул мекунад

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik.  Сарояндаи машҳури тоҷики муқими Русия Манижа Сангин  ба Sputnik Тоҷикистон иқрор намудаст,  ки солҳои 90 - ум  худ низ ҳамроҳи аҳли оилааш ҳамчун муҳоҷир ба Русия омада буд.

Манижа мегӯяд, замоне, ки хонаводаи ӯ ба  Русия кӯч баст, давраи бисёр мушкил буд. "Бояд ба худ ба ба атрофиёни худ далели кӯч бастан ба Русияро  мефаҳмондӣ", -  мегӯяд ин сарояндаи саршинос.

Чун феълан ӯ аз як муҳоҷирдухтар ба сарояндаи маҳбуби мардуми рус табдил ёфт, мехоҳад чун намуна барои музоҷирони дигари тоҷик бошад.

Ӯ мегӯяд, "новобаста аз муҳоҷир будан, инсон қодир аст, ки дар диёри бегона низ муваффақ шавад ва мақоми хоси худро дар миёни ҷомеаи онҳо дарёб кунад".

Бо рӯймол дар пеши сӯзанӣ: Манижа Сангин суруди навашро нашр кард - аксу оҳанг

Манижа бо ёдоварӣ аз он даврони мушкил тавзеҳ дод, ки аз тоҷик гуфтани худ ҳатто ҳарос дошт.

"Вале феълан он замон паси сар шуд ва ман  имрӯз бо ифтихор мегӯям, ки асли ман  аз Тоҷикистон аст".

Ин сарояндаи тоҷики муқими Русия мегӯяд, ки аз шароити муҳоҷирони меҳнатӣ хуб огоҳ аст ва ба онҳо тавсия медиҳад, ки новобаста ба ҳамагуна мушкилоту душвориҳо, қадру манзалати худро донанд ва эътибори худро дар мадди аввал гузоранд.

"Танҳо дар сурате, ки муҳоҷир худро қадр мекунад, ҷомеа низ ӯро хуш қабул мекунад", - мегӯяд Манижа Сангин.

Барчаспҳо:
муҳоҷирон, сароянда, Манижа Сангин

Мавзӯъҳои асосӣ