02:16 01 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
628 0 0

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳунарманд Чоршанбе Аловатов ва ансамбли рақсии "Падида"-ро мояи ифтихори кулли мардуми Тоҷикистон хондааст

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба унвони ғолибони озмуни байналмилалии Central Asia Got Talent - Чоршанбе Аловатов ва ансамбли рақсии "Падида" номаи шодбошӣ навиштааст.

Дар номаи табрикотӣ, Файзов ҳунарманди ҷавон Чоршанбе Аловатов ва ансамбли рақсии "Падида"-ро мояи ифтихори кулли мардуми Тоҷикистон хондааст.

"Барои ман ифтихор ва сарбаландист, ки фарзанди Кӯҳистон Чоршанбе Аловатов бо овози ширини хеш ва ансамбли рақсии "Падида" бо рақсҳои зебои тоҷикона фарҳанги миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд", - гуфтааст раиси ВМКБ.

Ӯ афзуда, ки кулли мардуми Бадахшон бо Чоршанбе Аловатов ифтихор доранд ва ғолибияти ӯ мояи сарбаландии мардум мебошад.

"Ба шумо дар ҷодаи интихобкарда минбаъд низ пирӯзиҳои нав ба нав таманно дорам", - омадааст дар номаи табрикотии Ёдгор Файзов.

Ёдрас мешавем, ки Чоршанбе Аловатов, овозхони ҷавони тоҷик дар пайи овоздиҳии сокинони Осиёи Марказӣ ғолиби озмуни Central Asia Got Talent ва соҳиби ҷоизаи асосӣ - 10 миллион тангаи қазоқӣ, муодили беш аз 1,6 миллион рубли русӣ эълон гардид. 

Видеои ҳунарнамоии пирӯзиовари Чоршанбе дар финал ва шоҳҷоизаи 1,6 миллион рублӣ

Чоршанбе Аловатов миёни 12 иштирокдори даври ниҳоии Central Asia Got Talent дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ғолиби асосӣ дониста шуд. Ӯ дар пайи эълони натиҷаҳои овоздиҳӣ дар чор кишвари минтақа ва муаррифияш ба ҳайси ғолиби асосӣ ба ҳамаи ҳаводорон, наздикон ва модараш изҳори сипос гуфт.

Аловатов дар даври ниҳоии озмуни минтақавии истеъдодҳо суруди попурӣ - аввал ба забони итолиёвӣ баъд ба забони тоҷикӣ хонд.

Чоршанбе ғолиби асосӣ дар сатҳи минтақавӣ эълон гардид. Дар бахши овоздиҳии дохили кишварҳо аз Тоҷикистон гуруҳи рақсии "Падида" пирӯз шуд.

Чоршанбе Аловатов ҳунарманди ҷавон, писари сарояндаи маъруф Ақназар Аловатов мебошад.

Ӯ 7 феравли соли 1998 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дар хонаводаи санъаткор ба дунё омадааст. То синфи панҷум дар мактаби шаҳри Хоруғ таҳсил карда, пас аз кӯчидан ба шаҳри Душанбе, дар мактаби рақами 72-и пойтахт то синфи 9-ум таҳсил кардааст.

Пас аз хатми синфи 9 Чоршанбе ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов супорида, онро дар бахши овозхонӣ хатм мекунад. То имрӯз Чоршанбе ба Узбакистон, Қирғизистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва шаҳрҳои гуногуни Русия сафар кардаасту мехоҳад боз бештар сайёҳат кунад. Аз ин рӯ айни замон донишҷӯи соли сеюми бахши сайёҳии Донишгоҳи санъати Тоҷикистон мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ