21:59 21 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
97 0 0

Зокир Собир, рассоми шинохтаи тоҷик, асосгузори ду равияи ҷадиди санъати қаламкашӣ, ғолиби озмуни байналмилалӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА гардид

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Озмуни байналмилалии рассомӣ таҳти унвони “Рассом ва Офарандагӣ” дар се марҳила дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардида, рассомони зиёде аз нуқоти гуногуни олам мусаввараҳои худро барои иштирок дар ин сабқати ҳунарӣ ирсол намудаанд.

Показ таджикских фильмов в Третьяковской галерее
© Пресс-служба Посольства Таджикистана в России

Бар асоси иттилоияи нашршуда дар шабакаи Фейсбук, дар даври ниҳоии озмун, рӯзи 27 декабр Зокир Собир бо мусаввараи худ – “Дунёи маликаи абрешимӣ” сазовори ҷойи аввал гардид.

Мусаввараи “Дунёи маликаи абрешимӣ” дар асоси равияи ҷадиди “Танворизм” эҷод шуда, дар санъати нигорандагию рассомии ҷаҳон бо тобишҳои эҷодӣ ва офарандагии хос ҳамчун дастоварди ҳунарӣ шинохта мешавад.

Рассоми тоҷик Зокир Собиров муаллифи ду равияи рассомии “Нурворизм” ва “Танворизм” дар миёни қаламкашони ҷаҳон шинохта шуда, соли 2015 сазовори шоҳҷоизаи Уқоби тиллоӣ дар Амрико ва соли 2016 академики фахрии Академияи рассомии Федератсияи Русия шудааст.

Барчаспҳо:
ғолиб, озмун, рассом, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ