20:01 25 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
1044 0 0

"Як китоби кӯҳнаву фарсуда, ки дар қатори китобҳои зарҳалии чопи Эрону Афғонистон ва Покистон як зоҳири фақирона дошт. Матни варақҳои зардшудааш ҷо – ҷо заифу тира хонданаш бисёр душвор. Қисматҳое аз китоб ҳатто хонда намешуд. Бо ин ҳама, 100 доллари амрикоӣ қимат дошт"

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ҳабиб Ҳамидзода, як нависандаи ҷавони Афғонистон се сол қабл дар дӯкони китобфурӯшие дар Кобул ҳамин гуна як нусхаи дуҷилдаи “Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуровро дучор омад.

Ӯ дербоз ин китобро меҷуст, чун кори илмӣ дошт ва дар осори таърихнигорони Афғонистон нақли қавлҳоеро аз он хонда буд. Хеле мехост асли онҳоро пайдо кунад. Дар оғоз ӯ нисфи қимати китобро пардохт ва бақияро ду моҳ пас тамом кард. Пас аз мутолиаи китоб ба ин қарор омад, ки онро бозчоп кунад.

“Се сол китобро ба сафҳаҳои компутар кӯч додам. Аввал аз рӯи нусха‎и чопи Кобул ҳуруфчинӣ кардам. Баъд матнро бо нусхае, ки дар Тоҷикистон чоп шуда буд, муқоиса намудам. Аз ин роҳ ҷоҳоеро, ки машкук шудам, яъне мубҳам ва гунгу кӯр буд, равшан сохтам. Кор ҳамин гуна пеш рафт ва поён ёфт”, - гуфт Ҳамидзода ба Sputnik Тоҷикистон.

Ҳамин тавр, “Тоҷикон” бо талошҳои Ҳамидзода ва интишороти “Амирӣ” – и Кобул ба теъдоди 1000 нусха дар Теҳрон чоп ва аввали моҳи декабри соли равон манзури хонандагон дар Афғонистон шуд.

“Дар Афғонистон чунон ки лозим аст зиндаёд Бобоҷон Ғафуровро наме‎шиносанд ва аз корҳои арзандаву муҳими ӯ барои халқи тоҷик ва таърихнависӣ иттилое надоранд. Хостам бо ин кор дайнамро дар баробари алломаи зиндаёд адо кунам, ки он аз тариқи бозчопи китобаш муяссар шуд”, - мегӯяд Ҳамидзода.

Чопи дуввуми “Тоҷикон” як гуна адои дайн барои Аҳмад Валӣ Масъуд, бародари Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва ҳам раиси Бунёди Шаҳид Масъуд ҳам буд, ки сармоягузории нашри китобро ба зимма дошт. Аммо анҷоми ин дайн барои онҳое, ки соли 1984 бори аввал дар Кобул “Тоҷикон” – ро баргардону чоп карда буданд, осон наафтода буд.

Шабҳои сарду торики Кобул

Профессор Равшан Раҳмонӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва он вақт тарҷумон, ҳамзамон котиби “Созмони тарбияи ҷисмонӣ” (дар асл комсомоли Донишгоҳи Кобул) нафарест, ки беш аз ҳама ранҷу азияти баргардону чоп ва ҳам тавтиаҳои иттифоқафтода сари “Тоҷикон” – ро аз сар гузарондааст. Алоқаи ӯ бо “Тоҷикон” ба соли 1972 бармегардад, ки бори аввал ба забони русӣ нашр шуд.

Равшан Раҳмонӣ, он замон донишҷӯ, аз пули идрор як нусхаи онро дар “Академкнига” – и рӯ ба рӯи чойхонаи “Роҳат” харид. Маҳз он айём орзуи тарҷумаи тоҷикии он дар дили ӯ пайдо шуд. Соли 1981 пас аз вуруди нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон дар қатори садҳо мутахассиси шӯравӣ Раҳмонӣ ба Кобул рафт. Чун номзади илм набуд, дар оғоз ҳуқуқи дарс гуфтанро надошт ва бо тарҷумаи лексияҳои ҳисобдориву тиб машғул буд.

“Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуровро бо худ бурда будам. Боре профессор, таърихшинос Ҷалолуддин Сиддиқӣ, директори китобхонаи Донишгоҳи Кобул, китобро дар дастам дида, аз ман хоҳиш кард, ки онро барояш қисса кунам, то дар дарси таърих ба кор барад. Боре ӯ гуфт, дар китобхонаи Донишгоҳи Кобул китобҳои таърихии олмонӣ, инглисӣ, ҳиндиву покистонӣ ва ҳатто “Майн кампф” – и Ҳитлер ҳасту “Тоҷикон” нест, биё, ки онро тарҷума кунем. Ман ба ӯ гуфтам, ки ками кам ду сол зарур аст, ки ҳам кор кунему ҳам тарҷума. Охирҳои соли 1983 буд. Боре ба “Гӯшаи сурх” – и Донишгоҳ рафтам, ки Кароматулло Олимов, он замон тарҷумони Бабрак Кормал ва таърихшинос Қурбон Бобоев теннис бозӣ мекарданд. Аз кору бор пурсиданд. Гуфтам, ки Сиддиқӣ мехоҳад “Тоҷикон” – ро тарҷума кунам. Он кас гуфтанд, ки накунед. “Чаро? Ман дар Душанбе будам, бо Осимӣ сӯҳбат кардам. Он кас гуфтанд, ки китоб ба забони тоҷикӣ омода шудааст ва иҷозаи “Главлит” – ро интизорем. Агар гузарад, то охири декабр чоп мешавад ва Шумо онро баргардон мекунед” – гуфтанд Олимов. Воқеан, пас аз ду ҳафта он кас маро даъват ва нусхаи ибтидоии китобро, ки ҳоло дар Душанбе ҳам чоп нашуда буд, барои баргардон таслим карданд”, - қисса мекунад Раҳмонӣ ба Sputnik Тоҷикистон.

Профессор Иброҳим Усмонов, ҳоло раҳбари созмони “Гуфтугӯи тамаддунҳо”, он замон мушовири декани факултаи улуми иҷтимоии Донишгоҳи Кобул, яке дигар аз дастандаркорони чопи “Тоҷикон” дар Кобул, мегӯяд, “Тоҷикон” – ро тирамоҳи соли 1983 академик Муҳаммад Осимӣ, президенти вақти Академияи улуми Тоҷикистон ба Кобул овард.

“Як рӯз Кароматулло Олимов ба ман гуфтанд, ки Осимӣ омадаанду наздашон меравем. Осимиро аз дур мешинохтам. Рафтем, устод Осимиро дидем, ки дар дасташон ҷилди аввали “Тоҷикон” буд. Гуфтанд, ки агар ин китобро дар Афғонистон чоп кунем, бад намешавад”, - ба ёд меорад Иброҳим Усмонов...

Дайн пеши Ғафуров ё моҷарои чопи "Тоҷикон" дар Кобул-қисми 2

Мавзӯъҳои асосӣ