Шабнам гирён шуд: тарки саҳна, муносибати падарандар бо писар ва дигар ногуфтаҳои Шабнам

© © SputnikЗрители на концерте, архивное фото
Зрители на концерте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шабнами Тоҷиддин - сарояндаи эстрадаи тоҷик, духтари ҳунарманди зиндаёд Тоҷиддин Муҳиддинов далели дур будан аз саҳнаро гуфт

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputniк. Шабнами Тоҷиддин дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и журналист Орзу Исоев дар бораи муносибати хонаводагӣ, оилаи нав ва бозгашт ба саҳна гуфт.

Шабнами Тоҷиддин, ки чанд сол пеш бори дуввум оила барпо кард, мегӯяд, дар тӯли панҷ-шаш соли дурӣ аз саҳна, ба тарбияи духтарчааш машғул буд.

"Бале, ин издивоҷи дуюмам ҳаст ва мо соҳиби духтарча ҳастем. Духтарам ҳамакнун панҷсола аст", - мегӯяд Шабнам.

Ӯ далели дур будан аз саҳнаро розӣ набудани шавҳар ба ҳунарнамоияш, рабт дод.

"Албатта ҳам худам намехостам ва медонаму аз аввал медонистам, ки шавҳарам зидд аст. Барои ҳамин ба тарбияи духтарчаам машғул будам", - мегӯяд Шабнам дар барномаи "Ногуфтаҳо".

Нигина Амонкулова - Sputnik Тоҷикистон
Ногуфтаҳои Нигина: намехоҳам шавҳарам зери таъсири моҷарое монад, ки атрофи ман месозанд

Аз издивоҷи аввал Шабнам соҳиби писар мебошад, ки феълан донишҷӯи соли сеюм аст. Дар бораи муносибати падарандару писар Шабнам мегӯяд, "аввал шавҳаршавандаам бо писарам дӯст шуд ва пасон мо қарор кардем, ки оила барпо кунем".

Вале, дар охир ашки чашмони Шабнам равон шуданд ва ӯ иқрор шуд, ки дурӣ аз саҳна барояш вазнин аст ва ӯ ба зудӣ бо намоҳанги ҷадид ё суруде ба назди мухлисонаш бармегардад.

Шабнами Тоҷиддин нахустин бор соли 2004 ба саҳна баромада буд. Аввалин албоми Шабнам зери унвони "Қатраи Шабнам" пешкаши мухлисон шуд.

Аз аввал Шабнами Тоҷиддин гуфта буд, ки мехоҳад каме ҳам бошад бо ҳунарнамоии худ номи падарашро зинда нигоҳ бидорад.

Лентаи хабарҳо
0