20:48 21 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
87 0 0

Намояндаи  ноҳияи Исмоили  Сомонӣ аз ҶДММ  "Рухом" Эраҷ Мунавваров дар озмуни даври шащрии "Ҳунарҳои ороишӣ  аз санг"  сазовори мақоми аввал шуд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар маросими ҷамъбасти  Озмуни шаҳрии "Ҳунарҳои ороишӣ  аз санг"  намояндаи  ноҳияи Исмоили  Сомонӣ аз ҶДММ  "Рухом" Эраҷ Мунавваров бо гирифтани 276 хол  ба ҷойи якум мушарраф гардид.

Намояндаи  ноҳияи Фирдавсӣ аз ҶДММ   "Асрори санг" Шарифи Далер  бо  гирифтани 269 хол  ҷойи дуюм ва ҳунарманд аз ноҳияи Фирдавсӣ  Покизамоҳ Руҳуллоева бо 253 хол  мақоми сеюмро ноил гардиданд.

Тавре қаблан хабар дода будем, имрӯз бо ташаббуси мақомоти шаҳри Душанбе  дар Муассисаи давлатии "Душанбе-Плаза" даври ҷамъбастии  озмуни мазкур  баргузор гардид.

Ҳамчунин ҳунармандон  аз ноҳияи Фирдавсӣ  Маҳмуд Бобоев  ва намояндаи   ноҳияи Исмоили  Сомонӣ аз ҶДММ  "Каром Гавҳар Нигор" Нурмуҳаммад   Собиров  барои иштироки фаъолонаашон дар озмун  бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Тавре АМИТ "Ховар"  хабар  медиҳад, дар ҷамъбасти озмуни  мазкур беҳтарин ҳунармандони соҳа аз  чор ноҳияи пойтахт маҳсули дасти хешро манзури  ҳакамон ва иштирокдорон  намуданд.

Намояндагони кумитаи тадорукоти озмун  аз намоиши омодакардаи ҳунармандони пойтахт дидан намуда, ба маҳорати ҳар  кадоми онҳо баҳои сазовор доданд.

Мақсад аз баргузории озмун  эҳёю рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сохтани маснуот ва коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишии миллӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги  ин ҳунари қадимӣ, ба он ворид намудани  шаклу усулҳои муосир  ва тарбияи насли нави ҳунармандони соҳа мебошад.

Ҳамзамон  ин озмун барои ҳавасмандгардонӣ, ихтироъкорӣ, тақвияти фаъолияти пешбурди навоварӣ дар соҳа ва баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии маснуоти аз сангҳои қиматбаҳою ороишии истеҳсолгардида равона гардидааст.

Дар фарҷоми маросим аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иштирокчиён диплому туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Хотиррасон мешавем, ки Озмуни "Ҳунарҳои ороишӣ аз санг" тибқи низомнома, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2019 тасдиқ шудааст,  роҳандозӣ мегардад.

Озмуни мазкур дар се давр- ноҳиявӣ,  вилоятӣ,  инчунин ҷумҳуриявӣ доир  мешавад.

Бояд гуфт, ки пагоҳ, 25 январ дар корхонаи "Зари Тоҷик"-и шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Озмуни "Ҳунарҳои ороишӣ аз санг" сурат мегирад.

Дар он ғолибони ин озмун аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  миёни ҳам сабқат менамоянд.

Барчаспҳо:
ҷойи аввал, пирӯзӣ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ