10:19 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
648 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо нашри як паём мардуми кишварро бо ҷашни Сада шодбош гуфта, ба нақл аз ҳаким Фирдавсӣ изҳор доштаст, ки ҷашни Садаро бори нахуст шоҳ Ҳушанг ба муносибати кашф шудани оташ барпо кардааст

ДУШАНБЕ, 26  янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷашнҳои аҷдоди ориёӣ, ба монанди Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон зикр карда, афзудааст, ки  мардуми мо аз замонҳои бисёр қадим дар ҳар фасли сол ҷашну ойинҳои хос доштаанд.

“Тибқи тақвимҳои халқии тоҷикӣ ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон, ки авҷи сардии табиат аст, рост меояд. Баробари ба поён расидани он аҷдоди мо шодиву хурсандӣ карда, ба истиқболи Наврӯз омодагӣ медиданд”, - тавзеҳ додааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҷашни Сада дар тӯли таърих борҳо ба мухолифати мутаассибон дучор шуда, нисбат ба Наврӯзу Меҳргон як андоза камранг доир мегардид.

“Танҳо ба шарофати озодиву истиқлоли давлатӣ мо онро эҳё кардем ва соли панҷум аст, ки дар кишвари мо ин ойини мардумӣ ҷашн гирифта мешавад ва дар рӯзҳои баргузории он намоиши ниҳолҳо, меваю сабзавот, навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ ва таҷҳизоту техникаи кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, маҳсули заҳмати деҳқонону ҳунармандон ба маърази диққати мардум гузошта мешавад”, - омадааст дар паёми Раҳмон.

Раҳмон аз осори Берунӣ мисол оварду қадимӣ будани ҷашни Меҳргонро исбот кард

Раисиҷумҳур дар охир мардуми шарифи кишварро бо фарорасии ҷашни бостонии Сада табрику муборакбод гуфта, сулҳу сафо, файзу баракат ва бахту иқболи баланд орзу намудаст.

Барчаспҳо:
шодбошӣ, паём, фарҳанг, ҷашн, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ