Баррасии сафари ҳунармандони тоҷик ба Белорус

© Sputnik / Стас ЭтвешДни культуры Таджикистана в Москве
Дни культуры Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Белорус масъалаи сафари ҳунармандони тоҷик ба ин кишвар ва баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Белорус баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Рӯзи 22 январи 2020 дар Минск вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Белорус Ҳақдод бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии ин кишвар Евдоченко баргузор гардидааст.

Финал Кубка развития-2020: сборные Таджикистана и Беларуси по футболу - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамагӣ як гол то тилло: навори бозии тезутунди ҷоми футболи Тоҷикистону Белорус

Ҷалби сармоя ва тақвияти ҳамкорӣ: раиси вилоят ва соҳибкорони Суғд ба Белорус рафтанд

Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷӣ, дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеъи масоили вобаста ба таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, саноату кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу гуманитарӣ ва ҳамкориҳои байни минтақаҳои ҳарду кишварро муҳокима намудаанд.

Гӯшт арзон мешавад: бо супориши Эмомалӣ аз Белорус 300 тонна гӯшт меоранд

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф дар соли 2019, ки аз мувофиқаҳои қаблӣ дар сатҳи роҳбарони ду кишвар бармеояд, изҳори қаноатмандӣ намуда, дар бораи нақшаҳои соли 2020, аз ҷумла масъалаи доир намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус таъкид намудаанд.

Ҳамчунин дар ин дидор, баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Белорус баррасӣ шудааст.

Манбаъ афзуда, ки дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо рағбати хешро барои боз ҳам тақвият додани муносибот таъкид намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0