Дар Суғд ҷашнвораи "Атласу адрас" баргузор мешавад

© Amir IsaevВыставка женской одежды и украшений в посольстве Франции в Душанбе
Выставка женской одежды и украшений в посольстве Франции в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати вилояти Суғд барои баргузории ҷашнвораи вилоятии “Атласу адрас” эълон нашр кардааст, ки зимни он беҳтарин либосҳо, аз расмӣ то арӯсию домодӣ муайян карда хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ҳадафи ҷашнвораро ҳукумати Суғд тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва тарбияи зебоипарастӣ гуфтааст.

Праздник дыни в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, "Наврӯз" - и соли 2020 дар куҷо ва чигуна таҷлил мешавад

"Ба таваҷҷӯҳи сокинони вилояти Суғд, бахусус тарроҳону дӯзандагон расонида мешавад, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ Фестивали вилоятии «Атласу адрас» баргузор мегардад", - омадааст дар эълони нашркардаи котиботи ҳукумати Суғд.

Манбаъ тавзеҳ додаст, ки ҷашнвора бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, аз рӯи 4 бахш - беҳтарин либоси кӯдакона, беҳтарин либоси расмӣ, беҳтарин либоси идона ва беҳтарин либоси арӯсию домодӣ баргузор мешавад.

Ювелирные изделия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эраҷ Мунавваров ғолиби озмуни шаҳрии "Ҳунарҳои ороишӣ аз санг" шуд

Мақомоти Суғд таъкид кардаанд, ки либосҳо бояд танҳо аз матои атлас ва адраси ватанӣ омода шуда бошад.

“Фестивал дар ду давр баргузор гардида, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм дар маркази вилоят гузаронида мешавад. Дархостҳо барои иштирок дар Фестивал ба Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то 20 феврали соли 2020 қабул карда мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзудааст, афроде, ки мехоҳанд иттилои бештар бигиранд, метавонанд бо рақамҳои (8 34 22) 4 - 65 – 37, 4-68-50, 92 601 9055 дар тамос шаванд.

Лентаи хабарҳо
0