03:13 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
60710

Мадина Ақназарова сарояндаи ҷавону машҳури эстрадаи тоҷик рӯзи зодрӯзашро ҳамроҳи мухлисонаш дар Русия таҷлил мекунад

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Овозхони ҷавону машҳури Тоҷикистон Мадина Ақназарова дар Маскав ва Санкт-Петербург консерт баргузор мекунад.

Дар ин бора сароянда дар саҳифааш дар Instagram хабар дода, аз мухлисонаш даъват кардааст, ки "Рӯзи ошиқон" ва  рӯзи зодрӯзашро ҳамроҳ таҷлил кунанд.

Ӯ ҳамчунин аз сабти суруди ҷадидаш хабар дода гуфтааст, ки ин сурудро мухлисон нахустин бор дар консерти Маскав хоҳанд шунид.

"Дустони муҳтарам ва мухлисони азизам! Ба наздикӣ суруди нав "Оре" - ро пешкаши шумо мекунам! Шумо ин сурудро дар консертам дар Маскав хоҳед шунид", - навиштааст Мадина.

Барномаи ҳунарии Мадина дар Маскав 15 феврал дар тарабхонаи "Асаки" воқеъ дар кӯчаи Юних Ленинтсев 12 баргузор мешавад. Консерт соати 20:00 оғоз хоҳад шуд.

Ҳамчунин, рӯзи 16 феврал дар шаҳри Санкт-Петербург дар тарабхонаи "Гимназия" консерти ин овозхони ҷавон баргузор мешавад.

Мадина Ақназрова ахиран суруд ва намоҳанги нави худро таҳти унвони "Ҷону дилам", пешкаши мухлисон намуд. Ин намоҳангро, ки рӯзи 22 декабр дар шабакаи Youtube нашр шуд, то имрӯз беш аз 63 ҳазор кас боздид карда ва беш аз 900 нафар писандидааст.

Тоҷикони Маскав Мадина Ақназарова аз консерти "Хушҳолӣ муборак", ки  бахшида ба 80-умин солгарди пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ соли 2016 баргузор шуда буд хуб ошноянд. Он замон Мадина дар қатори овозхонони машҳур -Самандар Пӯлодов, Ақназар Аловатов, гурӯҳи "Шамс", гурӯҳи "Зафар", Мутриб Шоискандаров, ва Далер Назаров чанд суруди халқиро пешкаши тамошобинон карда буд.

Нахустин намоҳанги худро Мадина Ақназарова зери унвони "Ай ёр ёр" соли 2017 пешкаши мухлисон карда буд.

Мавзуъ

Мадина Ақназарова ва Ҳуҷаста Мирзовалӣ "Сабзинаранг"-ро дубора машҳур карданд
Овозхони ҷавони тоҷик Мадина Ақназарова дар Маскав консерт медиҳад
Мадина Ақназарова "роман"- и худ бо Мастер Исмоилро рад кард
Нашри суруд ва намоҳанги нави Мадина Ақназарова - видео
Барчаспҳо:
ҳунарнамоӣ, консерт, Мадина Ақназарова, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ