Ҷамоатхона дар Хоруғ соҳиби Ҷоизаи тарроҳии Олмон-2020 шуд

© Фото : icq.comВ Хороге Таджикистана построен Исмаилитский центр за $15 млн
В Хороге Таджикистана построен Исмаилитский центр за $15 млн - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамоатхона ва маркази исмоилия дар шаҳри Хоруғ - Ismaili Jamaаtkhana and Centre соҳиби ҷоизаи бонуфузи умури тарроҳии Олмон – German Design Award 2020 шудааст

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. German Design Award, ки аз маъруфтарин ҷоизаҳо дар бахши тарроҳӣ дониста шудааст, дар соли равон ба Ҷамоатхона ва маркази исмоилия дар шаҳри Хоруғ сазовор дониста шудаст, хабар додаст сомонаи расмии ин ҷоиза.

Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон дар Боғи набототи Помир дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Дидор бо Файзов ва зиёфат дар чойхона: сафари Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон ба ВМКБ

Тарроҳии Маркази исмоилияи Хоруғ аз меъмории хоси минтақа сарчашма гирифта, бахши нисбатан ҷолиб сутунҳои чӯбии баланд арзёбӣ шудаанд, ки дар давоми дарахтони хиёбон хеле ҷаззоб омада, боми ҷамоатхонаро нигоҳ медоранд. Манбаъ таъкид кардаст, ки ҷамоатхона бо мавод, санъати меъморӣ ва шеваи сохтмони маҳаллӣ бунёд шудааст.

Намоз бо ҷамоат, пиёда ба кор: 6 хислати хоси раиси ВМКБ дар 5 моҳи роҳбарӣ - акс

Санги асоси ҷамоатхона, ки 1,3 гектарро фаро гирифтааст, соли 2008 гузошта шуда, он охири соли 2018 мавриди истифода қарор гирифт. Марказ аз се бахш – намозхона барои 1500 нафар, қисми маъмурӣ ва толори иҷтимоӣ барои 450 нафар иборат мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 15 миллион доллар арзёбӣ шуда буд.

Оқохони IV, имоми исмоилиёни ҷаҳон дар маросими гузоштани санги асоси ҷамоатхона дар Хоруғ изҳор дошта буд, ки ин марказ дар партави арзишҳои тағйирёбанда ва гуногунии андешаҳо, аз ҷумла динӣ бояд ба муттаҳидӣ барои даст ёфтан ба ҳусни тафоҳум ва суббот дар минтақа мусоидат кунад.

Лентаи хабарҳо
0