23:59 30 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
95 0 0

Ҳамкориҳои миёни мақомоти бойгонӣ ва китобхонаҳои миллии Тоҷикистону Эрон тақвият меёбад. Ин масъаларо сафири тоҷик бо ноиби раиси Ҷумҳурӣ, раиси Созмони аснод ва китобхонаи миллии Эрон Ашрафи Бруҷердӣ баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Рӯзи 13 сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо ноиби раиси Ҷумҳурӣ, раиси Созмони аснод ва китобхонаи миллии Эрон Ашрафи Бруҷердӣ дидору мулоқот кардааст.

Теҳрон парвозҳояшро ба самти Душанбе ва Бишкек барқарор кард

Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷӣ, зимни ин дидор, ҷонибҳо доир ба фароҳам овардани имконоти дастрасии олимону донишмандони ду кишвар ба захоири китобҳои рақамӣ ва дастнависҳои мавҷуда, истифода аз асноди бойгонӣ дар пажӯҳишҳои таърихиву фарҳангӣ ва табодули таҷриба миёни мутахассисони ду кишвар изҳори назар намудаанд.

Мушкилоти ҳамлу нақл миёни Эрону Тоҷикистон бартараф хоҳад шуд

Манбаъ афзуда, ки тарафҳо роҳандозии ҳамкориҳо миёни мақомоти бойгонӣ ва китобхонаҳои миллии ду кишварро  ба нафъи равобити дуҷонибаи илмиву фарҳангӣ арзёбӣ намудаанд.8*

Барчаспҳо:
донишмандон, Тоҷикистон, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ